Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти писар ва ҷияни Аскар Оқоев дар Маскав


Айдар Оқоев, писари калонии президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев.
Айдар Оқоев, писари калонии президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев.

Айдар Оқоев, писари калонии президенти пешин ва фирории Қирғизистон Аскар Оқоев 5-уми феврал дар шаҳри Маскав даргузашт. Ба гуфтаи манобеи наздик ба хонаводаи Оқоевҳо, Оқоеви 44-сола бар асари сактаи қалбӣ ҷон додааст.

Писари калонии Аскар Оқоев соли 1998 бо Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев издивоҷ карда, як муддат зиндагии муштарак доштанд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки 5-уми феврал дар вилояти Чӯйи Қирғизистон маросими дафни Кубан Оқоев, ҷияни Аскар Оқоев низ баргузор шуд. Кубан Оқоев ҳам дар Маскав даргузаштааст.

Дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 эътирозҳои мардумӣ оғоз шуда, Аскар Оқоев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Оқоевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол ба ватан барнагаштаанд ва дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Баъди фирори Оқоев зидди аъзои хонаводаи ӯ парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуд.

Айдар Оқоев 20-уми феврали соли 1976 таваллуд шуда, дар Қирғизистон ба ҳайси мушовири вазири молия, президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи бокс кор карда, вакили порлумон низ интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG