Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар паёми солонааш ба Конгресс чӣ гуфт?


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп рӯзи 4-уми феврал дар паёми солонааш ба Конгресс аз дастовардҳои иқтисодии кишвар таҳти сарвариаш пуштибонӣ кард ва гуфт, ки манфиатҳои иҷтимоӣ ва тандурустии мардумро ҳифз хоҳад кард, зеро мехоҳад аз нав баргузида шавад.

Трамп, ки соли 2016 бо шиори интихоботии "Амрикоро боз ҳам бузургтар кун" пешбарӣ шуд, даъво кард, ки "бозгашт"-и миллат таҳти раҳбарии ӯст.

Вай афзуд: "Корҳо афзоиш меёбанд, даромадҳо меафзоянд, камбизоатӣ коҳиш меёбад, ҷинояткорӣ кам шуда истодааст, боварӣ афзун мешавад ва кишвари мо боз равнақ мекунад."

Трамп гуфт, ӯ ваъдаи интихоботии худро дар бораи дигар кардани созишномаи тиҷорати озоди Амрикои Шимолӣ ба ҷо овардааст, ки ба гуфтаи вай боиси аз даст додани яке аз чор кори истеҳсолӣ дар Иёлоти Муттаҳида шудааст.

Трамп ҳафтаи гузашта шартномаи нави тиҷоратиро бо Канада ва Мексика имзо кард. "Ин аввалин шартномаи тиҷорати бузург дар давоми солҳои зиёд аст, ки ба дастгирии устувори иттифоқҳои касабаи Амрико бархӯрдор аст", -- гуфт ӯ ва афзуд, 100 ҳазор ҷойи нави корӣ хоҳад сохт.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар 20 дақиқаи аввали суханронии худ пеш аз расидан ба масъалаи тандурустӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ду мавзӯи дигари калидии худ, дар бораи иқтисод сухан ронд.

Трамп дар суханрониаш дар бораи мурофиаи “импичмент” – нобоварӣ ба ӯ, ки дар давоми ним соли охир Конгресс вақти зиёде ба он сарф кардааст, чизе нагуфт. Вай гуфт, омода аст ба таҳримҳои зидди Эрон поён бахшад, агар ин кишвар аз талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ даст кашад ва маблағгузориро ба терроризм бас кунад.

XS
SM
MD
LG