Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Чин дар Қазоқистон ҳарфҳои Помпеоро "саҳнасозӣ" номид


Чжан Сяо, сафири Чин дар Қазоқистон ба ҳарфҳои котиби давлатии ИМА Майк Помпео вокуниш нишон дод.

Помпео ҳафтаи гузашта аз мақомоти Қазоқистон хост, ки ба ташаббусҳои Вашингтон ҳамроҳ шуда, бо ҳадафи ислоҳи вазъи ақалиятҳои қавмӣ дар Шинҷони Чин ба Пекин фишор оваранд. Давоми се соли охир аз Шинҷони Чин дар бораи таъқиби ақалиятҳои қавмӣ - қазоқтаборон, қирғизҳо ва дигарон хабар мерасад.

Дар матни изҳороти сафорати Чин аз 4-уми феврал омадааст, ки ҳарфҳои Помпео барои ҷониби Чин "пешгӯишаванда" буданд ва ин гуфтаҳо "яке аз дигар "саҳнасозӣ"-ҳои беасоси дигари Помпео зидди Чин буданд". Чжан Сяо таъқиби ақалиятҳои Шинҷонро рад кард. "Далелҳои асосиро дар бораи Шинҷон рад карда ва Чинро сиёҳ сохта, Помпео ба ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо пешфарзҳои идеологии худро ба намоиш гузошт", - зикр шудааст дар вокуниши сафир.

Чжан Сяо мегӯяд, ИМА хостаҳои геополитикии худро таҳмил мекунад, ки ба гуфтаи сафир, ба густариши бадбинӣ дар минтақа ва барқарории яккатозии Амрико равона шудаанд.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар сафараш ба Қазоқистон бо қазоқтаборони Чин мулоқот кард, ки мегӯянд, пайвандонашон дар "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" дар Шинҷони Чин нигаҳ дошта мешаванд.

Помпео аз кишварҳо хост, ки ба фирориёни Чин паноҳандагии сиёсӣ диҳанд. "Мо танҳо даъват мекунем, ба онҳое паноҳандагӣ дода шавад, ки аз Чин фирор кардаанд",-гуфт Помпео дар нишасти матбуотиаш бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ.

Сар аз соли 2017 ба ин тараф аз минтақаи Шинҷон-Уйғури Чин дар бораи таъқиби ақалиятҳои қавмӣ, асосан мусалмонон ва боздошту ирсоли онҳо ба урдугоҳҳои бозтарбия хабар мерасад. Пекин мегӯяд, ин урдугоҳҳо марказҳои омӯзиши касбӣ ҳастанд, ки барои пешгирӣ аз терроризму экстремизм сохта шудаанд.

Бино бар иттилои шумориши аҳолӣ дар соли 2000, шумори қазоқтаборон дар Чин 1 миллиону 250 ҳазор касро ташкил медод. Дар Шиҷон ҳамчунин қирғизҳо, тоторҳо, тоҷикон ва дунганҳо зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG