Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршед Зиёӣ раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ шуд


Хуршед Зиёӣ, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон. 4-уми феврали соли 2020.
Хуршед Зиёӣ, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон. 4-уми феврали соли 2020.

Хуршед Зиёӣ бо амри президенти Тоҷикистон раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Диловар Қодирзода шуд. Оқои Зиёӣ дар моҳи октябри соли гузашта муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ таъйин шуда буд.

Хуршед Зиёӣ қаблан дар мақомҳои раиси Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва илми назди вазорати маориф ва ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кардааст.

Оқои Зиёӣ соли 1980 мактаби миёнаро бо медали тилло ва соли 1985 бахши арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Солҳои 1985-1988 дар Либия ба сифати муҳандис-тарҷумон ва солҳои зиёд дар системаи маорифи Тоҷикистон фаъолият намудааст. Доктори улуми фалсафа мебошад.

Маркази таҳқиқоти стратегӣ як ниҳоди зертобеи ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва ба давлат роҷеъ ба масоили мухталиф машваратҳо ироа мекунад. Дар гузашта шахсиятҳое чун Сӯҳроб Шарифов ва Худойбердӣ Холиқназаров раҳбарии ин муассисаро ба ӯҳда доштанд.

XS
SM
MD
LG