Дар Узбекистон мутобиқати дахлу харҷи мансабдорони давлатиро назорат мекунанд. Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар ин бора охири моҳи январ хабар додааст. Ба гуфтаи президент, дар манзили яке аз сардорони гузаргоҳҳои марзӣ 400 ҳазор доллар пайдо шудааст.
"Сардори як гузаргоҳи хурд. 400 ҳазор доллар. Ин танҳо дар як рӯз. Мо талош дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ моро эътироф кунад... Аммо чи хоҳад шуд, ки агар сардори танҳо як гузаргоҳ 400 ҳазор доллар бигирад?", - гуфт Мирзиёев.
Президенти Узбекистон илова кардааст, дар шароите, ки даромади мансабдорон бо харҷашон мутобиқ нест, бояд муҳите офарида шавад, ки мансабдорон дар назди қонун ҷавоб диҳанд.
"Оҷонси зидди фасодро мо барои чӣ таъсис медиҳем? Ин ниҳод барои он таъсис дода намешавад, ки баъд "Ура-ура" садо диҳем, балки барои пайдо кардани омилҳои фасод таъсис мешавад. Вазиронамон чи гуна рафтор доранд, дар чи навъе манзил зиндагӣ мекунанд, чи гуна мошин мехаранд, фарзандонашон дар куҷоҳо таҳсил мекунанд. Акнун ҳар мансабдор посухгӯ хоҳад буд...",-навиштанд расонаҳо аз қавли Мирзиёев.
Ҳанӯз моҳи октябри соли 2019 тарҳи қарори президенти Узбекистон дар бораи роҳандозии низоми эъломияи дороии мансабдорон, дахлу харҷи онҳо аз 1-уми январи соли 2020 муаррифӣ гардида буд.
Ин ҳуҷҷат то кунун қабул нашудааст.