Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Текебоев: Ман аз ҳизб рафтани Шикмаматовро аз расонаҳо хондам


Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон сабабҳои аз роҳбарии ҷиноҳи порлумонии ин ҳизб истеъфо додани Алмамбет Шикмаматовро шарҳ надод.

Дар мусоҳиба бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ Текебоев гуфт, ки Шикмаматов бидуни худоҳофизӣ аз ҳизб рафтааст. "Ман танҳо аз расонаҳо хондам, ки Шикмаматов мандати вакилиашро супорида ва аз ҳизб хориҷ шудааст. Мо гуфтугӯ накардаем ва баъди хориҷ шуданаш ҳам тамос нагирифтем",-гуфт Текебоев.

Алмамбет Шикмаматов рӯзи 27-уми декабр эълом кард, ки мандати вакилиашро месупорад ва аз ҳизби "Ота Макон" хориҷ мешавад. Вай он замон гуфта буд, ки "аз миёни уву Омурбек Текебоев "гурбаи сиёҳ" гузаштааст". Ба ҷуз аз Шикмаматов чаҳор тани дигар низ бо навиштани ариза аз "Ота Макон" хориҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG