Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео бо хонаводаҳои зиндониёни "урдугоҳҳои бозтарбияи Чин" мулоқот кард


Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар сафараш ба Қазоқистон бо қазоқтаборони Чин мулоқот кард, ки мегӯянд, пайвандонашон дар "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" дар Шинҷони Чин нигаҳ дошта мешаванд.

Помпео аз кишварҳо хост, ки ба фирориёни Чин паноҳандагии сиёсӣ диҳанд.

"Мо танҳо даъват мекунем, ба онҳое паноҳандагӣ дода шавад, ки аз Чин фирор кардаанд", - гуфт Помпео дар нишасти матбуотиаш бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ.

Сар аз соли 2017 ба ин тараф аз минтақаи Шинҷон-Уйғури Чин дар бораи таъқиби ақалиятҳои қавмӣ, асосан мусалмонон ва боздошту ирсоли онҳо ба урдугоҳҳои бозтарбия хабар мерасад. Пекин мегӯяд, ин урдугоҳҳо марказҳои омӯзиши касбӣ ҳастанд, ки барои пешгирӣ аз терроризму экстремизм сохта шудаанд.

Бино бар иттилои шумориши аҳолӣ дар соли 2000, шумори қазоқтаборон дар Чин 1 миллиону 250 ҳазор касро ташкил медод. Дар Шинҷон ҳамчунин қирғизҳо, тоторҳо, тоҷикон ва дунганҳо зиндагӣ мекунанд.

Майк Помпео дар сафараш бо Қазоқистон бо президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев, ва президенти пешин Нурсултон Назарбоев мулоқот кард.

Помпео ҳамчунин ахиран аз Белорус ва Украина дидан кард. Шоми 2-юми феврал котиби давлатии ИМА вориди Узбекистон шуд.

XS
SM
MD
LG