Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори БДА-и Тоҷикистон ба онҳое, ки намози ҷумъа мехонанд


Мошини БДА дар Душанбе
Мошини БДА дар Душанбе

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба намозгузорон ҳушдор додааст, ки дар сурати нодуруст гузоштани мошинҳояшон дар рӯзи ҷумъа дар роҳ аз 58 то 116 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Акбар Қурбонзода, сардори Шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати БДА дар сӯҳбат бо хабаргузории “Ховар” гуфтааст, ронандагон бештар дар соатҳои баргузории намози ҷумъа мошинҳояшонро нодуруст таваққуф мекунанд, ки ин ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал мерасонад.

Ба навиштаи хабаргузории “Ховар” дар шаҳри Душанбе дар 38 масҷид намози ҷумъа баргузор мешавад ва садҳо нафар барои намоз мераванд.

“Маълум шуд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан ҳангоми намозгузорӣ дар масҷидҳо беҳтар шудааст, аммо бархе аз ронандагон то ҳол дидаву дониста ба қоидавайронкунӣ даст мезананд”,--навиштааст хабаргузории “Ховар”.

Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар кишвар беш аз 3 ҳазор масҷид сабт шудааст, ки дар 375 масҷид намози ҷумъа доиир мешавад.

XS
SM
MD
LG