Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ширкати наздикони Бег Сабур барои ислоҳ мӯҳлат додаанд, вагарна баста мешавад


Мақомоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯянд, ки агар ширкати "Комил-2010" пешниҳодҳои онҳо дар мавриди камбудҳо дар сохтмонҳояшро ислоҳ накунад, литсензия ё муҷаввизи фаъолияти он бозпас гирифта мешавад. Дар ин бора Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ширкати сохтмонии "Комил-2010" ба наздикони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон марбут аст.

Раҳматулло Табарзода, сардори хадамоти сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шарҳи ин масъала гуфт, оғоз кардани сохтмон бидуни ташхис ва низ берун аз тарҳ бунёд кардани ошёнаҳо, аз ҷумлаи камбудҳо дар фаъолияти ширкати "Комил-2010" мебошанд.

Ин масъули Кумитаи меъморӣ ва сохтмон афзуд, ки дар ин робита ба додситонӣ ва шаҳрдории Душанбе номаҳо ирсол кардаанд. Ӯ ҳамзамон гуфт, ки бархе иншоотҳои ин ширкат дар минтақаи Зарафшони шаҳри Душанбе боздошта шудааст.

Сохтмони бузурги манзилҳо аз тарафи ширкати "Комил-2010" дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт яке аз тиҷоратҳои Бег Сабур ва хонаводааш гуфта мешавад. Бег Сабур яке аз мансабдороне аст, ки дар баробари кори давлат ба тиҷорат машғул аст ва ҳамин мавзӯъ мояи интиқоди ӯ мебошад.

Дар як таҳқиқоти журналистӣ, ки аввали моҳи марти имсол дар "Cabar" (як бахши Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ)чоп шуд, хабарнигор Ё.Ҳалимов навишта буд, Бег Сабур бештари вақти худро на бо корҳои Хадамоти алоқа, балки бо сохтмону тиҷорат мегузаронад. Аммо худи ӯ мегӯяд, машғул шудан ба тиҷорати хона барои паст кардани "шиддати иҷтимоӣ ба бехонаҳо" дар кишвар аст.

XS
SM
MD
LG