Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши маҳбасҳои Қазоқистон баъди шикояти маҳбусон


Яке аз маҳбасҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз маҳбасҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Маҳбусони маҳбасхонаи шаҳри Уралски Қазоқистон ба Бюрои ҳуқуқи инсон аз латту кӯб ва шиканҷа шудан дар маҳбас шикоят карданд.

Ба гуфтаи маҳбусон, 23-юми январ кормандони Горди миллӣ онҳоро латту кӯб ва урён карда, чанд соат дар ҳавои сард нигаҳ доштаанд.

Мақомоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноӣ хабар доданд, ки айни ҳол дар маҳбасхонаи мазкур тафтиш идома дорад.

"Қариб ҳамаи 246 маҳбус аз шиканҷа шудан дар рӯзи 23-юми январи соли ҷорӣ шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳангоми кофтукоб дар маҳбас латту кӯб ва шиканҷа шудаанд",-гуфт Павел Кочетков, як ҳомии ҳуқуқ.

"Дар ҳавои сарди берун маҳбусонро наздики 3 соат нигаҳ доштанд ва ба маҳбас баргардониданд. Дар баргашт дубора латту кӯб кардаанд",-гуфт Павел Кочетков.

Мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қазоқистон дар ҳоли ҳозир танҳо баргузории кофтукобро тасдиқ, аммо латту кӯби маҳбусонро рад карданд.

"Дар маҳбаси мазкур рӯзи 23-юми январ бо ҳадафи пайдо ва мусодира кардани ашёи мамнуъ аз маҳбусон кофтукоб сурат гирифт. Дар натиҷа ашёи зиёди мамнуъ пайдо шуд: телефонҳои мобилӣ, ашёи бурандаву халанда, либосҳои мулкӣ ва амсоли ин",-хабар доданд аз мақомот.

XS
SM
MD
LG