Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия барои пешгирӣ аз вирус марзашро бо Чин бастааст


Чин
Чин

Русия сарҳадашро бо Чин бастааст, то аз гузаштани “коронавирус” ба кишвар пешгирӣ кунад.

Кишварҳои ҷаҳон садҳо шаҳрванди аз шаҳри Вуҳани Чин кӯчондаи худро барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус дар танҳоӣ нигоҳ медоранд. Аз ин бемории сирояткунанда наздик ба 170 кас фавтидаанд.

Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 30-юми январ гуфт, сарҳад, панҷумин сарҳади заминии дароз дар ҷаҳон, фавран баста мешавад.

"Имрӯз фармон ба имзо расид ва иҷрои он сар шуд. Мо ба ҳама дар бораи чораҳои вобаста ба бастани сарҳад дар минтақаи Шарқи Дур ва инчунин дигар чораҳои ҳукумат хабар хоҳем дод,” – гуфт Мишустин ва афзуд, дар Русия ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

30-юми январ дар Тибет тасдиқ шудааст, ки як нафар ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Ҳамингуна коронавируси нав акнун дар тамоми минтақаҳои Чин паҳн шудааст. Сирояти ин вирус ҳадди ақал дар 16 кишвари дигар низ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG