Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Аврупо созишномаи бурунрафти Бритониёро тасвиб кард


Порлумони Аврупо бо аксари оро созишномаи бурунрафти Бритониёро аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) тасвиб кард. Акнун онро бояд Шӯрои ИА низ тасвиб кунад. Интизор меравад, Бритониё соати 12-и шаби 31-уми январи соли равон ҳайати ИА-ро тарк кунад.

Бритониё ҳамакнун баъди 3,5 сол аз раъйпурсӣ дар мавриди хориҷ шудан аз ИА иттиҳодро тарк мекунад. Он замон аксари сокинони Бритониё аз бурунрафт аз иттиҳод ҷонибдорӣ карда буданд. Санаи бурунрафти Бритониё ба иллати қабул нашудани созишномаҳо бо ИА дар порлумони ин кишвар се бор ба таъхир афтод.

Борис Ҷонсон, ки соли гузашта сарвазири Бритониё шуд, бо раҳбарони ИА созиш карда, сипас интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ баргузор намуд ва порлумони нав созишномаи ӯро ҷонибдорӣ кард.

Пас аз берун рафтани Бритониё аз ИА давраи гузариш оғоз шуда, он то 31-уми декабри соли 2020 идома мекунад. Дар ин муҳлат бояд миёни Бритониё ва ИА созишномаи нави тиҷорӣ имзо шавад.

XS
SM
MD
LG