Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зан дар Самарқанд барои талоши оташ задани кормандони мақомот ҳабс шуд


Як бинои вайрона дар Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.
Як бинои вайрона дар Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.

Сокини шаҳри Самарқанд Дилором Розиқова, ки 21-уми январ талош кард, кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистонро оташ занад, то поёни тафтишот ҳабс шуд.

Вакили дифои Розиқова 28-уми январ гуфт, додрас 23-юми январ ҳангоми содир кардани қарори ҳабси зерҳимояаш ба инобат нагирифт, ки ӯ модари танҳо аст ва кӯдакони ноболиғ дорад.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, ӯ ҳоло муроҷиат ба додгоҳро омода дорад, ки дар он дархост мешавад, Розиқова бар ивази гаравпулӣ ё кафолати Кумитаи занон аз ҳабс озод шавад.

Яке аз ҳамсояҳо қарори ҳабси Розиқоваро, ки модари танҳо аст, ноодилона номид. "Барои намуна, сармеъмори вилояти Самарқанд Бобир Элмуродовро, ки ба дуздии беш аз 7 миллиард пули буҷа айбдор мешуд, на дар раванди тафтишот ва на дар рафти баррасии парванда ба ҳабс нагирифтанд. Вале модари танҳоеро, ки фарзанди ноболиғ дораду аз ҳуқуқҳояш ҳимоят кардааст, ҳабс карданд",-афзуд ӯ.

Баҳси Розиқова бо мақомоти Самарқанд соли 2017 оғоз шуд. Розиқова қарори шаҳрдори Самарқанд дар бораи тахриби бинои зисти дуошёнаро, ки дар он ҳамроҳи писари 14-солааш зиндагӣ мекунад, ғайриқонунӣ номид. Қарор буд, ба ҷои он бинои нави чорошёна бунёд шавад.

Сокини Самарқанд гуфт, хонае, ки мақомот барояш пешниҳод кардаанд, чандон муносиб нест. Кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Самарқанд 21-уми январ дар асоси қарори додгоҳ хостанд, Розиқоваро аз хонааш берун кунанд. Дар натиҷа Розиқова латтаеро оташ зада, ба рӯи кормандони бюро партофтааст. Вале касе осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG