Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 5 мусофири дигари аз Чин баргаштаро бистарӣ карданд


Жандарбек Бекиш, сардухтури бахши беҳдоштии Қазоқистон рӯзи сешанбе хабар дод, ки ҳадди ақал панҷ мусофири дигари аз Чин баргашта бо нишонаҳои мубталоӣ ба вируси нав бистарӣ шуданд.

Ба гуфтаи сардухтур, ду кӯдаки як хонавода таби баланд доштанд. "Аъзои болиғи хонавода ҳарчанд нишонаҳои ошкори мубталоӣ ба вируси навро надоштанд, аммо ба далели он, ки бо кӯдакони худ дар робита буданд, бистарӣ шуданд",гуфт Бекшин. Вай ҳамзамон аз шаҳрвандони Қазоқистон хост, ҳар нафаре, ки баъди 6-уми январ аз Чин баргаштааст, ба бемористонҳои маҳаллӣ муроҷиат ва аз ташхис гузарад.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон пештар аз ин хабар дод, ки дар робита ба паҳншавии вируси нав дар Чин раводидро барои шаҳрвандони Чин маҳдуд кардааст. Ҳукумати Қазоқистон низоми 72-соатаи равуои транзитии бидуни визаро барои шаҳрвандони Чин манъ кард, ҳамчунин дарёфти визаи электронӣ ба маҳзи расидан дар фурудгоҳҳои Қазоқистон барои шаҳрвандони Чин манъ шудааст. Ба ҷуз ин, барои дарёфти визаи Қазоқистон ҳамакнун аз шаҳрвандони Чин санади тиббӣ талаб карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз пештар аз ин мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар ҷисми 23 тан аз мусофироне, ки ахиран аз Чин ба Қазоқистон омаданд, таби баланд ошкор шуда ва чаҳор тан аз онҳо бо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси нав дар бемористон бистарӣ гардиданд. Дар ин бора Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон хабар дода буд.

"То кунун аз Чин ба кишвари мо 25 ҳазору 858 кас ворид шудааст, ки инҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва бархе шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳо аз ташхис гузаронида мешаванд",-афзуд вазир.

Бино ба маълумоти ахир, аз вируси нав аллакай дар ҷаҳон 106 кас ҷон бохта, ҷамъан 4,5 ҳазор нафар ба он гирифтор шудааст. Ин вирус нахуст дар шаҳри Вуҳони Чин пайдо шуда буд, ки 11 миллион аҳолӣ дорад.

Дар баробари Чин, вируси нав дар Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонгконг, ИМА, Канада, Фаронса ва Тайван низ ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG