Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон гуфт, 30 донишҷӯро аз Чин бармегардонад


Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 25-уми январ хабар дод, ки 30 тан аз донишҷӯёни узбек, ки дар шаҳри Вуҳани Чин - маркази хуруҷи вируси нав - боқӣ мондаанд, ба кишвар баргардонида мешаванд.

"Дар ҳоли ҳозир вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати тандурустӣ дар ин маврид талош доранд", - гуфт Комилов. Вай санаи дақиқи баргардонии донишҷӯёнро зикр накард.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, дар Вуҳани Чин ҳудуди 250 тан аз шаҳрвандони Узбекистон истиқомат доранд, ки асосан донишҷӯ ҳастанд. Бисёре аз онҳо дар даври таътилҳои зимистонӣ ба Узбекистон баргаштаанд.

Пештар аз ин даҳҳо донишҷӯи узбек аз мақомоти кишварашон хостанд, ки онҳоро ба Узбекистон баргардонанд.

Бино ба маълумоти ахир, аз вируси нав аллакай дар ҷаҳон 56 кас ҷон бохта, ҷамъан 1975 нафар ба он гирифтор шудааст. Ин вирус нахуст дар шаҳри Вуҳони Чин пайдо шуда буд, ки 11 миллион аҳолӣ дорад.

Дар баробари Чин, вируси нав дар Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонгконг, ИМА, Канада, Фаронса ва Тайван низ ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG