Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи барканории Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон


Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон маълум хоҳанд кард, ки ​додситони кул Юсуф Раҳмон дар мансабаш мемонад, ё меравад. Ҷаласа рӯзи 24-уми январ бо дархости раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Дар фармони даъвати ҷаласа гуфта шудааст, ки аъзои Маҷлиси Миллӣ барои озоду таъйини додситони кул ризоят хоҳанд дод, вале дар бораи онки Юсуф Раҳмон пурра барканор мешавад ё панҷ соли дигар дар ин мансаб мемонад, ишора нарафтааст.

Масъулони дафтари матбуоти президент рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "фармон дар бораи барканории додситони кул субҳи 24-уми январ имзо ва ба Маҷлиси Миллӣ фиристода хоҳад шуд".

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон додситони кул танҳо бо ризоияти аъзои Маҷлиси Миллӣ таъйин карда мешавад.

Юсуф Раҳмон моҳи январи соли 2015 ба мансаби додситони кулли Тоҷикистон таъйин шуд. Дар замони раҳбарии ӯ, бо пешниҳоди Додситонии кул, Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз ҳизбҳои умдаи мухолиф дар кишвар мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. Ҳарчанд раҳбарони ҳизб дар хориҷ ин қарорро намепазиранд ва онро беасос мешуморанд.

Инчунин, баъзе аз рӯзноманигорон мегӯянд, дар давраи раёсати панҷсолаи Юсуф Раҳмон гирифтани иттилоъ аз Додситонии кул мушкил шуд. Юсуф Раҳмон дар чанд ҷаласаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG