Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко: Русия намегузорад, аз Қазоқистон нафт ворид кунем


Мулоқоти Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар Санкт-Петербург. 20-уми декабри соли 2019.
Мулоқоти Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар Санкт-Петербург. 20-уми декабри соли 2019.

Президенти Белорус Александр Лукашенко гуфт, Москва намегузорад, Минск аз Қазоқистон нафт ворид намояд. Ин нукта дар пасманзари баҳсҳои ду кишвар атрофи нархи тарифҳои интиқоли нафти Русия ба Белорус садо доданд.

Лукашенко 21-уми январ дар сӯҳбат бо коршиносони соҳаи нафт дар шаҳри Минск гуфт, шароити иқтисодӣ мушкилтар мешавад. "Аҷиб аст. Ҳампаймони мо розӣ намешавад, ки аз ҳампаймони дигарамон нафт ворид кунем".

Қазоқистон, Белорус ва Русия узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд, ки президенти Русия Владимир Путин ба хотири тақвияти нуфузи Москва дар маҳдудаи пасошӯравӣ ва муқобала бо Иттиҳоди Аврупову НАТО ташкил кардааст

"Ба иллати андозҳои ҷорикардаи Русия даромади будҷаи ҷумҳурӣ поин рафта, самаранокии кори корхонаҳои коркарди нафти мо коҳиш меёбад. Дар ҳақиқат, мо имрӯз барои нафти Русия гузина надорем, вале мо бояд ин масъаларо ҳал кунем. Бояд коре кард, ки саҳми Русия дар ҳаҷми воридоти нафт то ба 30-40 дарсад поин равад",-гуфт ӯ.

Миёни Русия ва Белорус вақтҳои ахир дар робита ба арзиши транзити нафт баҳсҳо ба миён омадааст. Ин баҳсҳо дар пасманзари фишорҳои Москва ба Минск барои тақвияти ҳамгироии ду кишвар мушоҳида мешавад.

Муовини сарвазири Белорус Дмитрий Крутой 14-уми январ гуфт, Минск барои харидории нафт ба чандин кишвари аврупоӣ ва Қазоқистону Озарбойҷон дархост фиристодааст. Пештар хабар дода шуд, ки Қазоқистон интиқоли нафт ба Белорусро баррасӣ мекунад.

Лукашенко ва Путин соли гузашта дар нақшаи ҳамгироии ду кишвар ба пешрафте ноил нашуданд. Лукашенко он замон гуфт, шароити "баробар"-ро мехоҳад.

Дар Белорус сокинон моҳи декабри соли гузашта зидди гуфтугӯҳои ношаффоф дар бораи ҳамгироӣ ва робитаҳои зичтар бо Русия даст ба тазоҳурот заданд.

XS
SM
MD
LG