Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зарбаҳои ҳавоӣ дар Сурия даҳҳо одам ҷон бохтанд


Як писарбача аз ваҳшати ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои ҳукуматӣ дар Идлиб ба даҳшат афтодааст. 15-уми январи соли 2020.
Як писарбача аз ваҳшати ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои ҳукуматӣ дар Идлиб ба даҳшат афтодааст. 15-уми январи соли 2020.

Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ба раҳбарии нерӯҳои Русия ва Сурия дасти кам 40 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба шоҳидон хабар додааст. Ҳамчунин дар пайи шадидтар шудани ҳамлаҳо ҳудуди 350 ҳазор сокин хонаҳои худро тарк карда, даҳҳо ҳазор ба минтақаи ҳаммарз бо Туркия паноҳ бурдаанд.

Артиши ҳукумати Сурия миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта бо дастгирии нерӯҳои Русия ҳамла ба вилояти Идлибро аз сар гирифтанд. Ин охирин минтақа дар ғарби рӯдхонаи Фурот аст. Ба иттилои созмонҳои башардӯстона, дар натиҷаи задухӯрдҳои моҳи декабр 22 кас кушта шуд.

Москва ва Димишқ иддаои ҳамлаҳои ғайриинтихобиро рад карда, мегӯянд, танҳо мавқеи тундгароёни исломиро ҳадаф қарор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG