Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мақоми "мураббӣ"-ро баъди соли 2024 рад кард


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз як мактаби ҳунарии кӯдакона дар Липеск дидан кард. 22 январи соли 2020.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз як мактаби ҳунарии кӯдакона дар Липеск дидан кард. 22 январи соли 2020.

Президенти Русия Владимир Путин мақоми "мураббӣ"-ро баъди ба поён расидани давраи президентияш дар соли 2024 рад кард. Ӯ дар ин бора дар мулоқот бо донишҷӯёни маркази омӯзишии "Сириус"-и Сочӣ изҳори назар кард.

Дар бораи мақоми "мураббӣ" донишҷӯи Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва суол кард. Путин дар посух гуфт, ташкил шудани институте дар Русия, ки раҳбари давлатро назорат кунад, "дуҳокимиятиро ба вуҷуд оварда, барои кишвар фоҷеаовар хоҳад буд".

Путин ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи вилояти Липетс низ мулоқот кард. Ӯ дар суҳбат бо онҳо гуфт, шакли идории порлумониро дар Русия ғайриҳадафмандона медонад.

Ба гуфтаи Путин, ингуна шакли идорӣ зараровар хоҳад буд, зеро дар Русия ҳизбе нест, ки "таҷрибаи бисёрсола дошта бошад" ва ҳизбҳои кунунии Русия ба ҳар як шахси муайян вобастаанд. Ӯ намуна овард, ки "Жириновский ҳаст, Ҳизби либерал-демократии Русия низ ҳаст, Жириновский набошад, .... нест", - изҳор дошт ӯ.

Владимир Путин афзуд, ки "Русия бо қаламрави бузурги худ ба ҳукумати қавии президентӣ ниёз дорад" ва "беҳтар аст, шаклҳои дигари идориро таҷриба накунанд".

Пештар Путин хабар дод, ки ба Конститутсияи Русия тағйирот ворид карда мешавад. Ӯ хост, дар Конститутсияи нав нақш ва мақоми Шӯрои давлатӣ таъйин карда шавад. Мухолифон нигаронанд, ки Путин пас аз ба поён расидани муҳлати президентияш дар соли 2024 раҳбари ин шӯро шуда, дар қудрат боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG