Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти муҳоҷирони ҳалокшуда дар Томск эълом шуд


Шахсияти 10 муҳоҷири корие, ки шаби 20 ба 21 январ дар натиҷаи оташсӯзӣ дар як хона дар вилояти Томски Русия ҷон бохтанд, эълом карда шуд.

Ба огаҳии мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ин муҳоҷирони корӣ аз ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоии Узбекистон буда, дар миёни онҳо бародарон низ ҳастанд.

Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, корфармо, ки шаҳрванди Чин аст, ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон мегӯянд, муҳоҷирони ҳалокшуда дар бинои якошёна зиндагӣ ва барои ширкати "Гринвуд" кор мекарданд. "10 муҳоҷир дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ба 2 тани дигар ёрии тиббӣ расонида шудааст",-афзуд манбаъ.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон ному насаби ҳалокшудаҳоро эълом кард:

- Боймуродов Келдиёр Кандиёрович, соли таваллудаш 1987;
- Ғайбуллоев Рамзиддин Меҳриддин (1998);
- Закиров Маммадалӣ Закир уғлӣ (1998);
- Муминов Хуршед Мехриддин уғлӣ (1997);
- Муртазоев Шаҳзод Санжар уғлӣ (1999);
- Норов Меҳриддин Ғайбуллоевич (1966);
- Ҳасанов Бунёд Карим уғлӣ (1994);
- Ҳасанов Умед Каримович (1979);
- Элмуродов Темур Дамир уғлӣ (1994);
- Эргашев Ҳошимжон Уткир уғлӣ (1999).

Ҷасадҳои муҳоҷирон дар ҳоли ҳозир дар яке аз сардхонаҳои вилояти Томск қарор доранд. Вазорат афзудааст, ки барои интиқоли онҳо ба ватан омодагӣ дида мешавад.

XS
SM
MD
LG