Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

GeorgiaToday: Маскав ба Тошканд фишор меорад, ки ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил шавад


Нашрияи сиёсии GeorgiaToday рӯзи 20-уми январ мақолае бо номи "Динамика Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар соли 2020" нашр кард.

Дар мақола омадааст, ки ҳадафи асосии Кремл дар соли 2020 шомил кардани Узбекистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст.

"Давоми соли гузашта оид ба шомил кардани Тошканд ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гуфтугӯҳои зиёд сурат гирифт. Дар расонаҳои русӣ ва хориҷӣ дар бораи тасмиме хабар дода шуд, ки соли 2020 гирифта хоҳад шуд",-омадааст дар мақола.

Нашрия аҳамияти шомилсозии Узбекистонро ба ин иттиҳодия зикр мекунад, зеро, ба бовари муаллифони мақола, Русия талош дорад, ҳудуди созмони навро ба марзҳои пешини СССР наздик кунад.

"Макони ҷойгиршавӣ ва сарвартҳои фаровони табиии Узбекистон ба ин кишвар имкон медиҳад, ки ба фишорҳои Русия муқобилат нишон диҳад. Бархеҳо то кунун бовар доранд, ки Узбекистон ба ин иттиҳодия шомил нахоҳад шуд",-омадааст дар мақола.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё соли 2001 таъсис шуд ва барои таъсиси Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё замина гузошт ва Узбекистон аз соли 2001 то соли 2008 узви ин созмон буд.

То ин замон Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия узви ин созмон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG