Дар Узбекистон ширкати нави ҳавопаймоии Humo Air таъсис мешавад. Дар ин бора рӯзи 18-уми январ сарвазири он кишвар Абдулло Орипов хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ширкати мазкур парвозҳои дохилӣ анҷом медиҳад ва чиптаҳоро бо қимати арзонтар ба фурӯш мебарорад. Қарор аст, тарҳи мазкур соли ҷорӣ амалӣ шавад.
Ин дар ҳолест, ки Узбекистон тасмим дорад, рӯзҳои 19-20 феврал яке аз бузургтарин форумҳои ҳавопаймоиро баргузор кунад. Бархе аз расонаҳо менависанд, мумкин аст, ширкати нав дар ҳамин форум муаррифӣ шавад.
Пештар аз ин гуфта мешуд, ки Бонки ҷаҳонӣ омода аст, дар тарҳҳои ислоҳотии бахши ҳавопаймоии Узбекистон ширкат кунад.