Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни Трамп "парвандаи нобоварӣ"-ро дахолат ба интихобот номиданд


Ҳар ду ҷониби парвандаи изҳори нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи шанбе барои ҳимояти мавқеъҳои худ далелҳои ҳуқуқиеро пешниҳод карданд.

Дар санади 111-саҳифаии демократҳои Маҷлиси намояндагон, ки қарор аст, ба Сенат пешниҳод шавад, омадааст, Трамп ба қонуншиканиҳое роҳ додааст, ки бояд аз мақоми президентӣ канор равад. Ба гуфтаи демократҳо, Трамп бо ин амалҳояш сохти конститутсионӣ ва амнияти Амрикоро зери хатар гузошт. Трамп дар сӯистифода аз мақом ва монеъ шудан ба рафти тафтишот дар Конгресс айбдор мешавад. Аз ҷумла, гӯё ба хотири манфиатҳои сиёсӣ ба раҳбарияти Украина фишор овардааст.

Ҳомиёни тими президенти ИМА дар як санади 6-саҳифаӣ айбҳои зидди Трампро "ҳамлаи хатарнок" ба амрикоиҳо ва ҳуқуқи интихоботияшон номидаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи демократҳо бозбинии натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2016 ва дахолат дар интихоботи президентии соли равон аст. Дар он ҳамчунин гуфта шудааст, ки президент тамоми айбҳои зиддаш эъломшударо қотеъона рад мекунад.

Ба тими ҳомиёни президенти ИМА додситонҳои махсуси пешин Кеннет Стар ва Роберт Рэй, ки парвандаи изҳори нобоварӣ ба президенти пешин Билл Клинтонро баррасӣ карда буданд, пайвастаанд.

Баррасии парвандаи изҳори нобоварӣ ба Трамп 21-уми январ дар Сенат оғоз мешавад. Барои изҳори нобоварӣ ба Трамп бояд аз се ду ҳиссаи аъзои Сенат раъй диҳанд. Ин дар ҳолест, ки аксари аъзои Сенатро ҷумҳурихоҳон -- ҳамҳизбони Доналд Трамп ташкил медиҳанд. То ҳол ягон ҷумҳурихоҳ аз айбҳои эъломшуда зидди Трамп ҷонибдорӣ накардааст ва ба гуфтаи коршиносон, ба эҳтимоли зиёд Трамп дар мақомаш мемонад.

XS
SM
MD
LG