Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берлин мизбони нишасте дар бораи Либия аст


Омодагии Олмон ба қабули меҳмонҳои нишаст. Берлин. 19-уми январи 2020
Омодагии Олмон ба қабули меҳмонҳои нишаст. Берлин. 19-уми январи 2020

Намояндагони даҳ кишвар, аз ҷумла Туркия, Амрико ва Русия, рӯзи 19-уми январ дар Берлин ҷамъ меоянд, то ба низоъ дар Либия поён бидиҳанд ва аз табдил шудани ин кишвар ба "Сурияи дигар" пешгирӣ намоянд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел раҳбарони Туркия, Фаронса, Русия ва намояндагони кишварҳои дигарро мизбонӣ мекунад. Ин нишаст бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад.

Дар нишаст аз қудратҳои хориҷӣ хоҳанд хост, ки аз равған рехтан ба низоъ дар Либия ба воситаи кумакҳое чун нирӯ, силоҳ ва пул поён диҳанд. Либия як кишвари ғанӣ аз нафт аст ва тақрибан 7 миллион аҳолӣ дорад.

Интизор меравад, Фоиз ас-Сарроҷ, сарвари давлати миллии аз тарафи Созмони Милал шинохташуда дар Триполи (Троблус) ва рақиби ӯ Халифа Ҳафтар - фармондеҳи Артиши Миллии Либия ба нишаст биоянд.

Ас-Сарроҷ чанд соат пеш аз ҷаласа ба хабаргузории dpa гуфтааст, "таҷрубаи тӯлонӣ боис мешавад, ки мо ба ҳадафҳо, ҷиддият ва ваъдаҳои тарафи муқобил шак дошта бошем, чун ҳама медонанд, ки онҳо ба ҳар қимате дар талоши қудрат ҳастанд."

Ин давлати Африқои Шимолӣ аз замоне ки фармонравои пешини он Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 барканор ва кушта шуд, бо ҷангу кашмакашҳо рӯ ба рӯст.

XS
SM
MD
LG