Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳукумати Русия пас аз паёми Путин истеъфо дод

Мулоқоти Путин ва Медведев дар рӯзи 15-уми январ.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, нахуствазир Дмитрий Медведев рӯзи 15-уми январ ба раиси ҷумҳур Владимир Путин аризаи истеъфои ҳукуматро пешниҳод кардааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, аз ҷумла РИА Новости, Путин дар бораи таркиби ҳукумати нав тасмим мегирад. Хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, ки Владимир Путин ба ҳукумати феълӣ дастур додааст, то замони ташкили ҳукумати нав фаъолиятро идома бидиҳад.

Ба қавли хабаргузорӣ, раиси ҷумҳур Путин қасд дорад мақоми нави муовини дабири Шӯрои амнияти миллиро таъсис диҳад ва Дмитрий Медведевро ба ин мақом пешниҳод кунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Баҳси корманди "Эсхата" ва рӯзноманигори тоҷик

Як дафтари намояндагии бонки "Эсхата" дар шаҳри Бохтар. Акс аз соли 2009
Як корманди маркази хизматрасонии бонки “Эсхата” рӯзноманигори тоҷик Миҷгона Ҳалимоваро ба додгоҳ кашидааст. Хайриддин Шарифзода даъво кардааст, ки журналист Ҳалимова бояд барои паст кардани шаъну шарафи ӯ барояш дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товон пардохт кунад. Дар ҷавоб Мижгона Ҳалимова низ ба муқобили кормандони ин бонк барои муносибати дағалона ва истифодаи алфози қабеҳ ба додгоҳ ариза супурдааст. Дар ин бора матбуоти маҳаллӣ хабар медиҳад. Баҳси ду ҷониб моҳи октябри соли гузашта ва замоне шурӯъ шуд, ки Миҷгона Ҳалимова мехост аз намояндагии бонки “Эсхата” дар шаҳри Ваҳдат маблағашро бигирад ва дар ин миён байну ӯ ва корманди бонк моҷаро бармехезад. Баҳси ду ҷонибро қарор аст додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба баррасӣ бигирад.

АП: Бархе блогерҳоро барои андозсупорӣ даъват кардаанд

Бархе аз блогерони тоҷик дар сӯҳбат ба оҷонсии “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳоро ба Кумитаи андоз даъват кардаанд. Аз блогерон хоста шудааст, ки дар бораи даромади худ ҳисобот дода андоз супоранд. Як манбаъ дар Кумитаи андоз ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ҳоло тартиби андозситонӣ аз блогерон дар ҳоли таҳия шудан аст. Ба қавли манбаъ, тибқи қонунгузории нави андоз, ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз пардохт намоянд, аз ҷумла блогерон ва онҳое , ки аз интернет фоидаи молӣ мегиранд. Аммо худи блогерон талаби андоз аз онҳоро амали пеш аз вақт арзёбӣ кардаанд, зеро ин намудаи фаъолият нав дар ҳоли рушд аст. Онҳо гуфтаанд, даромади онҳо зиёд нест ва дар сурати талаби андоз аз онҳо, маҷбур мешаванд саҳифаҳояшонро бибанданд. Зимнан аз 16-уми январ дар Тоҷикистон иловаи Кодекси андоз, мавсум ба “андози Google” ҳукми қонунӣ гирифт. Бар пояи он ширкатҳое, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти пулакии интернетӣ мерасонанд, уҳдадор мешаванд, аз даромади худ 18 дарсад “андози арзиши иловашуда” супоранд.

Узбекистон соли 2020 ба Тоҷикистон 60% бештар газ додааст

Акс аз бойгонӣ
Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти тоҷик соли 2020-ум аз Узбекистон бар ивази беш аз 28 миллион сомонӣ гази табиӣ харидааст, ки дар нисбати соли 2019 зиёда аз 60 фоиз бештар мебошад. Ҷониби Узбекистон зимни натиҷагирӣ аз 11 моҳи соли гузашта гуфта буд, ки ба Тоҷикистон 250 миллион метри мукааб газ содир шудааст. Интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон баъди 6 соли танаффус соли 2018 барқарор гардид. Истеъмолкунандаи асосии гази узбекӣ ширкати ТалКо мебошад. Инчунин баъзе корхонаҳои дигар, бахусус Маркази барқу гармидиҳии Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистон ин маводи сӯзишвориро истифода мекунанд. Узбакистон ҳар 1000 метри мукааб гази табииро ба Тоҷикистон бо нархи 120 доллар мефурӯшад, ки ин нисбат ба нархи он дар бозори ҷаҳонӣ тақрибан 30 доллар камтар аст.

Намояндагии ВКД-и Русия оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон корро аз нав шурӯъ кард

Мардум дар назди сафорати Русия дар Тоҷикистон. Акс аз тобистони соли 2013
Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия оиди масъалаҳои муҳоҷират фаъолияти худро аз имрӯз дар Тоҷикистон дигарбора оғоз кардааст. Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри як эълон мегӯяд, номанависӣ барои қабули шаҳрвандон тариқи онлайн сурат хоҳад гирифт. Намояндагии ВКД-и Русия барои ширкат дар барномаи давлатии кӯчбандӣ ва ё “Переселение” мусоидат мекунад. Онҳое, ки бар асоси барномаи “Переселение” мекӯчанд, ба 61 минтақаи мавриди назари ҳукумати Русия сафарбар мешаванд. Ин барномаи давлатӣ аз соли 2007 ба ин сӯ амал мекунад ва тӯли ин солҳои фаъолияташ, бино ба иттилои расмии мақомоти Русия, садҳо ҳазор нафар аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ тавонистанд шаҳрвандии ин кишварро қабул кунанд. 6 ҳазор зодагони Тоҷикистон ҳам бар асоси ҳамин барнома шаҳрванди Русия шудаанд.

Қадрдонии ду тоҷик дар Русия барои сӯхторхомӯшкунӣ

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи фавқуллодаи Русия ду зодаи Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд, барои кӯмак дар сӯхторхомӯшкунӣ қадрдонӣ кардааст. Ин ду ҷавон Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров дар аввали моҳи декабр шоҳиди сӯхтор дар як бинои истиқоматӣ шуданд. Сабаби сӯхтор таркиши балони газ шуд. Зариф ва Фаррух ҳамроҳи ҳамсояҳо ба кӯмаки бошандагони ин бино шитофта онҳоро аз алангаи оташ берун кашиданд. То расидани наҷотбахшон ин ду нафар ба хомӯш кардани сӯхтор идома доданд. Зариф Ниёзов 14 сол инҷониб дар Русия ба сар бурда шаҳрвандии он кившарро дорад. Фаррух Умаров ба ҳайси таксирон кор мекунад.

Маросими савгандёдкунии Байден дар шароити сахти амниятӣ баргузор мешавад

Ҷо Байден дар Делавар, 19 январ

Дар Вашингтон дар паи як маъракаи хеле пурбаҳси интихоботӣ ва давраи гузор дар таърихи ИМА, демократ Ҷо Байден нисфирӯзии 20-уми январ дар Капитол ба ҳайси президенти 46-уми ин кишвар савганд ёд мекунад. Маросими савгандёдкунӣ дар шароити сахти амниятӣ баргузор мешавад ва Байдени 78-сола кӯҳансолтарин президент дар таърихи ИМА мешавад, ки вориди Кохи Сафед хоҳад шуд. Аввалин бор дар таърихи 152-сола, президенти рафтаистода дар маросими савгандёдкунӣ иштирок намекунад, дар ҳоле, ки президентони гузашта – Ҷорҷ Буш, Билл Клинтон ва Барак Обама ҳузур хоҳанд дошт. Собиқ президент Ҷимми Картери 96-сола гуфтааст, ки дар ин маросим иштирок карда наметавонад. Мувоини президент Доналд Трамп – Майк Пенс гуфт, ки дар ин маросим ҳозир мешавад ва бисёр ҷумҳурихоҳҳои дигар ҳам ҳамин корро хоҳанд кард. Дар рӯзи 20-уми январ бо савгандёдкунии Камала Ҳарриси 56-сола дар мақоми муовини президент ҳодисаи нави таърихӣ рӯй медиҳад, чун ӯ аввалин зан ва намояндаи аққалиятҳои Амрико аст, ки дар ин мақом ифои вазифа мекунад. Дар остонаи савгандёдкунӣ Байден ва Ҳаррис дар як маросиме иштирок карданд, ки барои гиромидошти хотири 400 ҳазор қурбонии коронавирус дар ИМА ташкил шуда буд.

Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон ду мактаб месозад

Акс аз сафорати Ҷопон: сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Tакаюки Миясита ва раисони ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод – Парвиз Акрамзода ва Бобишо Холзода

Дар сафорати Ҷопон дар Душанбе рӯзи 20-уми январ маросими имзои созишномаи грантӣ бо арзиши беш аз 180 ҳазор доллар баргузор шуд. Бар асоси ин созиш, қарор аст ду мактаб дар деҳаи Саидалӣ Табарови ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода ва ҳам деҳаи Очилдии ҷамоати ба номи Чашмасори ноҳияи Файзобод бунёд шавад. Қарордоди грантиро сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Tакаюки Миясита ва раисони ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод – Парвиз Акрамзода ва Бобишо Холзода имзо карданд. Гранти мазкур дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ тақдим мешавад, омадааст дар иттилоияи сафорати Ҷопон. Сафири Ҷопон дар ин маросим гуфтааст, ки “ҳукумати Ҷопон бо мардуми тоҷик дар бисёр бахшҳои ҳамкорӣ мекунад, бахусус дар бахши маориф. Ин ба он хотир аст, ки мо, ҷопониҳо, медонем, ки маориф асоси рушди миллии таърихи кишвари мо будааст”. Дар иттилоияи сафорат гуфта шудааст, ки аз соли дар чаҳорҷӯби ёриҳои бебозгашти амнияти башарӣ барои қишрҳои васеи аҳолӣ, ҳукумати Ҷопон 421 тарҳро бо арзиши 34 миллион доллар пуштибонӣ карда, то ҳол 50 мактабро дар ин кишвар сохтааст.

Олимпиада дар Ҷопон ҳамчун рамзи пирӯзӣ бар пандемия баргузор мешавад

Сарвазири Ҷопон Ёсихидэ Суга азми худро барои баргузор кардани Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио тибқи нақша изҳор кард. Ҳамин тариқ, кишвар пирӯзӣ бар сирояти коронавирусро, ки паҳншавии он дар саросари ҷаҳон идома меёбад, эълон мекунад. Дар ин бора Associated press хабар медиҳад.

Ба гуфтаи сарвазири Ҷопон, дар ҷараёни омодагӣ ба ин чорабинӣ тамоми чораҳои зидди вирусӣ амал мекунанд. Гузашта аз ин, ӯ ҳама корро хоҳад кард, ки Бозиҳои олимпӣ дар шароити мусоид баргузор шавад.

"Рӯйдоди асосии варзишӣ далели пирӯзии инсоният бар коронавирус хоҳад буд", - гуфт Ёсихидэ Суга. Ҳамзамон, ӯ хотиррасон кард, ки тартиби эмгузаронии оммавӣ дар кишвар охири моҳи феврал оғоз меёбад. Онҳо маводи дорувории ширкати Pfizer ва BioNTech -ро истифода мебаранд, ки дар ҷаҳон обрӯи начандон баланд ба даст овардааст.

Маълум аст, ки Олимпиада Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 ва Паралимпиада аз 24-уми август то 5-уми сентябр баргузор мешаванд. Бо вуҷуди ин, беш аз 80 фоизи мардуми Ҷопон мутмаинанд, ки Бозиҳои олимпӣ дубора мавқуф гузошта хоҳад шуд.

Маргу мир дар Узбекистон дар соли вабо 13,5 дарсад афзудааст

Акс аз бойгонӣ.

Шумори фавтидагон дар Узбекистон дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 13,5 дарсад афзудааст. Дар ин бора дар Кумитаи омори он кишвар хабар доданд.

Ба ин тартиб, дар соли 2020 дар Узбекистон 175,6 ҳазор марг сабт шудааст.

Сабаби афзоиши маргу мирро дар Узбекистон ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумла кори дилу рагҳо, бемориҳои роҳи нафас, бемориҳои уфунӣ рабт додаанд.

Кумитаи омори Узбекистон иттилоъ надодааст, ки чи теъдод аз ин фавтидаҳо қурбонии коронавирус будаанд ва дар умум дар ин омор мафҳуми коронавирус зикр нашудааст.

Вазорати тандурустии Узбекистон рӯзи 18 январ хабар дод, ки дар он кишвар 620 кас аз коронавирус фавтидааст.

Гумонбарони парвандаи низои қавмӣ дар Қазоқистон мегӯянд, шиканҷа шуданд

Мурофиаи муттаҳамон дар низои қавмӣ дар Қазоқистон.

Яке аз гумонбарони парвандаи ҷанҷоли қавмӣ дар Қазоқистон дар толори додгоҳ ба нишони эътироз ба хушунат алайҳи айбдоршавандаҳои парванда худро захмӣ кард. Як гумонбари дигар гуфт, ӯву чанд ҳамроҳашро шиканҷа кардаанд.

Ба огаҳии додгоҳи Қазоқистон, гумонбар Шамил Харсанов 18 январ баъди анҷоми мурофиа ба китфи тарафи рости худ осеб расондааст. Ин ҳодиса баъди хориҷ шудани додрас аз толор рух додааст. Ҷузъиёти ҳодиса гуфта намешавад.

Харсанов мегӯяд, чандин бор ба додрас муроҷиат карда, кушиш кардааст, сабабҳои даст ба ин кор заданашро ба вай шарҳ диҳад, вале додрас суханҳои ӯро гуш накардааст.

Ба гуфтаи вакили дифои гумонбарон, Харсанов ҳангоми захмӣ кардани худ гуфтааст, "маъмурони пулис дар пеши чашмони ман айбдоршавандаҳоро латтукӯб карданд". Додраси парванда Айдарбек изҳор дошт, ки ба кори маъмурон баҳо дода наметавонад, зеро ҳангоми рух додани ҳодиса дар толори додгоҳ набуд.

Пештар низ гумонбарони парвандаи мазкур гуфта буданд, ки латтукӯб шудаанд. Яке аз гумонбарон дар мурофиаи 18 январ фарёд зад, ки "моро латтукӯб кардаанд".

Дар доираи парвандаи низои қавмӣ 51 кас - сокинони чаҳор деҳаи ноҳияи Кордай муттаҳам мешаванд. Ин афрод бо моддаҳои "Беназмиҳои оммавӣ", "Ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигаҳдорӣ ва ба каси дигар додани аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда", "Тамаъҷӯӣ" ва "Роҳзанӣ" айбдор мешаванд. Дар додгоҳ дар маҷмуъ 60 вакил аз муттаҳамон дифоъ мекунад.

Шаби 8 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи занозанӣ дар деҳаҳои асосан дунганнишини ноҳияи Кордайи Қазоқистон 11 кас кушта, бештар аз 100 кас ҷароҳат бардоштанд. Зиёда аз 20 ҳазор одам, асосан дунганҳо аз маҳалли зисти худ фирор карданд. Бисёре аз онҳо ба Қирғизистон фирор карданд. Ҳукумати Қазоқистон баъдтар хабар дод, ки қисме аз фирориҳо ба манзилҳои худ баргаштаанд.

Рӯзноманигори қирғиз гуфт, Матраимовҳо ба ӯ фишор меоранд

Шоиста Шатманова (аз рост), журналисти қирғиз.

Рӯзноманигори "Супер ТВ" Шоиста Шатманова дар "Фейсбук" навиштааст, ба ӯ телефонӣ ҳушдор доданд, ки масоили марбут ба Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистонро бозтоб накунад.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳушдорро баъди он шунид, ки иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Талант Мамитовро барои суҳбат ба барномаи телевизионӣ даъват карданд ва суолҳоро ба вай пешакӣ фиристод.

Рӯзноманигор мегӯяд, онҳо аз иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон дар бораи Матраимов низ суол карданд. Аз ҷумла пурсида шуд, ки чаро Мамитов вакили дифои Матраимовҳоро додрас таъйин кардааст.

Шатмаманова мегӯяд, Искандар Матраимов, вакили порлумони Қирғизистон ва бародари Райимбек Матраимов ба ӯ занг зада, гуфтааст, "чаро ҳамеша масоили марбут ба Матраимовро матраҳ мекунед? Магар дар Қирғизистон дигар мушкилот намондааст?". Ба гуфтаи рӯзноманигор, Матраимов ҳарчанд дастур ҳам надода бошад, вале ин гуфтааш, ки "дигар мушкилот нест?" ҳамчун "фишор" шумурда мешавад.

Искандар Матраимов тасдиқ кард, ки ба рӯзноманигор занг задааст, вале гуфт, ҳеч гуна фишоре ба ӯ наовардааст ва занги телефонӣ ҳам марбут ба Талант Мамитов будааст.

Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон 6 январ бо имзои фармоне як қатор додрасҳоро таъйин кард, ки дар миёни онҳо номи вакили дифои Матраимовҳо -- Лайло Байдаева низ ҳаст.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.

Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Таҷаммӯи мухолифони Имрон Хон дар Исломобод

6 январ, шимолуғарби Покистон. Намоиши эътирозии мухолифон Имрон Хон

Мухолифони Покистон рӯзи 19 январ дар Исломобод, пойтахти кишвар барои ширкат дар раҳпаймоии азими зидди ҳукумати нахуствазир Имрон Хон таҷаммӯъ карданд. Ӯро дар дарёфти ғайриқонунии маблағ аз хориҷа гунаҳгор мекунанд. Эътилофи нӯҳ ҳизби мухолифи ҳукумат Комиссиюни интихоботии Покистонро фишор меоранд, то ки дар заминаи шикояти шаш соли пеши зидди Имрон Хон дар бораи дарёфти маблағҳо аз ИМА тасмим бигирад. Мақомот дар муқобил ҳазорҳо нирӯҳои амниятиву полисро сафарбар карданд. Аксар нирӯҳо барои ҳимоят аз биноҳои муҳими ҳукуматӣ, инчунин Додгоҳи олӣ ва парлумон саф кашиданд. Ҳуқуқшиносон гуфтанд, ки ҳизби ҳокими “Таҳрики инсоф” барои аз хориҷа дастрас кардани маблағ метавонад манъ шавад. Як собиқ ёвари Имрон Хон, ки чанде баъд аз ӯ ҷудо шуд, соли 2014 бо иттиҳоми дарёфти маблағ аз хориҷа зидди нахуствазир шикояте бурд ва гуфт, ки ин маблағҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба кишвар ворид шудаанд. Бар асоси қонунҳои Покистон, ҳизби сиёсӣ ҳақ надорад, ки аз хориҷа маблағгузорӣ шавад.

Тихановская аз САҲА дар бозгашти амни мухолифон ба Беларус кӯмак хост

8-уми январ, Литва

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская, ки баъди интихоботи баҳсбарангези президентии моҳи августи порсол кишварро тарк карда ба Литва рафт, аз САҲА дархост кард, ки барои бозгашти амни мухолифони режими Александр Лукашенко ба Беларус мусоидат кунад. Тихановская рӯзи 18 январ дар вебсайташ навишт, ки дар ин бора дар мулоқот бо сафирони ИА дар САҲА дархосте кардааст. Тихановская гуфт, бо нигоҳ ба вазъи Алексей Навалний, ки баъди бозгашт ба Русия боздошт гардид, зарурати кӯмаки САҲА-ро дар бозгашти амни худ ба Беларус бисёр муҳим медонад. Ӯ гуфт, “барои бозгашти ман ба ватан замонати махсус лозим аст”. Баъди интихоботе, ки ба қавли мухолифон, бо пирӯзии Тихановская анҷомид, мардум дар саросари Беларус даст ба эътироз заданд ва мақомот ба саркӯби эътирозгарон рӯ оварданд. Даҳҳо раҳбарони мухолифон дар боздошт буда, бархе дигарҳо ба хориҷа паноҳ бурданд.

Нашрия: Коҳиши муҳоҷирон дар Русия нархи хонаҳоро арзон кард

Як меҳмонхонаи иҷтимоӣ дар Маскав

Кам шудани муҳоҷирон дар Русия дар замони пандемияи COVID-19 нархи иҷораи хонаҳоро дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург аз 10 то 14 фойиз арзон кардааст. Коршиносон гуфтаанд, аз як тараф тарки Русия кардани муҳоҷирон, бекор мондани теъдоде аз шаҳрвандони хориҷӣ ва ё ба кори фосилавӣ гузаштани қисмати дигари одамон ба ин раванд боис шудааст. Нашрияи “Московский комсомолец“ менависад, ҳоло нархи иҷораи хонаи якҳуҷрагӣ дар Маскав ҳудуди 38 ҳазор рубли русӣ, манзили дуҳуҷрагӣ 45 ҳазор рубл ва сеҳуҷрагӣ 55 ҳазор рубли русӣ арзиш дорад.

Боздошти ду корманди ВКД бо гумони содир кардани ҷиноят

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди вазорати корҳои дохилӣ бо иттиҳоми гирифтани пора хабар дод. Ба қавли манбаъ, гумонбарон Зебуниссо Исматшозода, сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи вазорати корҳои дохилӣ ва корманди дигари ҳамин ниҳод Қумригули Раҷаб бо гумони содир кардани ҷиноят боздошт шудаанд. Боздоштшудаҳо барои аз бойгонии маълумотии вазорати корҳои дохилӣ тоза кардани иттилоъ дар бораи доғи судии як шаҳрванд аз ӯ 1200 доллари амрикоӣ хостаанд ва 10-уми сентябри соли 2020 ҳангоми гирифтани маблағи мазкур дастгир гардиданд. Дар нисбати ин ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Назари гумонбарон ба иттиҳоми эълоншуда дар нисбаташон дастрас нест.

Садама дар роҳи Ваҳдат - Душанбе боис ба марги як нафар шуд

Садамае дар роҳи Балҷувон. Акс аз моҳи апрели соли 2019

Рӯзи 17-уми январ дар садамае дар роҳи Ваҳдат - Душанбе як нафар ҷон бохтааст.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ронандаи мошини "Опел-Вектра" Акмалҷон Гулаеви 27-сола, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат "аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада", пиёдагардон Гулизор Мирзокаримоваи 45-сола ва Нозигул Маҳмадиеваи 20-соларо пахш намудааст.

"Дар натиҷа, Нозигул Маҳмадиева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Зани дигар маҷрӯҳ шудаву дар беморхона бистарӣ аст", - гуфтанд дар вазорат.

Садамаҳои нақлиётӣ дар фасли зимистон дар роҳҳои Тоҷикистон ҳодисаи камназир нест. Дар ҳоле ки мақомот аз эҳтиёткорӣ суҳбат мекунанд, бисёре аз ронандаҳо ба ноҳамвор ва хатарзо будани роҳҳо ишора мекунанд.

Пешгӯии сардшавии ҳаво дар Тоҷикистон

2 январи соли 2020, як қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон дар чанд рӯзи оянда сард шудани ҳавои кишварро пешгӯӣ мекунад. Эҳтимол меравад, ки ҳарорати ҳаво то охири ҳафта даҳ дараҷа сард шуда барфу борон меборад. Аз ҷумла дар Душанбе баъди гармиҳои 16-дараҷаӣ ҳароратсанҷ то 2 даарҷаи зери сифр пойин хоҳад омад. Дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоми дирӯз аллакай боридани барф шурӯъ шудааст. Ширкати IRS мегӯяд, роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард доранд. Ҳамчунин ба қавди ин ширкати масъули нигоҳубини шоҳроҳ барои тоза кардани барф техникаҳо ба минтақаҳои осебпазир сафарбар шудаанд. Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд аз масирҳои душворгузар дар фасли зимистон ба шумор меравад. Солҳои гузашта дар ин масир чанд нафар зери тарма монда ва ҷон бохта буданд.

Барои низомиёни рус дар Тоҷикистон ваксинаи зидди COVID-19 овардаанд

"Sputnik V", ваксинаи зидди коронавирус дар дасти як табиби серб

Низомиёни Русия дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус дарёфт карданд. 1100 воя (доза) ваксинаи COVID-19 тавассути ҳавопаймо аз Русия ба пойгоҳи 201 расонида шудааст.

Хадамоти округи ҳарбии марказӣ мегӯяд, дар навбати аввал ваксина ба кормандони тиббӣ, низомиёне, ки дар навбатдории ҳолати омодабош қарор доранд ва ҳайати фармондеҳӣ гузаронида мешавад.

Эмкунӣ ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад. Қабл аз он ба хидматчиёни ҳарбӣ дар бораи ваксина, таъсири дору ба бадани инсон ва таъсири эҳтимолии он маълумот дода мешавад.

Сӯхтор дар қароргоҳи беруни Вашингтон ҳолати асабониятро ба вуҷуд овард

Сӯхтор дар зери як пули Вашингтон рӯзи 18-уми январ рух дод. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ: Edward Daniels via REUTERS

Сӯхтор дар як қароргоҳи афроди бехонумон дар Вашингтон дар фазои омодагии ИМА барои баргузории маросими савгандёдкунии Ҷо Байден дар мақоми президент, ки 20-уми январ баргузор мешавад, ҳолати асабониятро эҷод кард. Сӯхтор рӯзи 18-уми январ дар қароргоҳи воқеъ дар фосилаи яккилометрии Капитол – бинои Конгресс рух дод ва дуди сиёҳи ғализе ба ҳаво печид. Дар натиҷаи ин ҳодиса, нақшаи тамрину омодагӣ ба савгандёдкунӣ бекор карда шуд. Қароргоҳ баста гардид. Ба макони сӯхтор чархболҳои марбут ба хадамоти ёрии изтирорӣ ва сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар шуданд. Мақомот гуфтанд, ки сӯхтор ҳеҷ таҳдиде ба мардум ваё ҷараёни савгандёдкунӣ надошт. Дар Вашингтон, ки ҳанӯз 6-уми январ шоҳиди ҳамлаи издиҳоми тарафдорони президент Доналд Трамп ба Капитол шудааст, як танише эҷод шудааст. Хадамоти амниятии ИМА гуфтанд, ки дар остонаи савгандёдкунии Ҷо Байден аз эҳтимоли сар задани ҳамлаҳо нигарон ҳастанд ва бо кӯмаки 25 ҳазор сарбози Горди миллӣ атрофи Капитол ва шаҳри Вашингтонро иҳота намуданд. Азбаски маълум шуд дар миёни ҳамлагарон ба бинои Конгресс бархе низомиёни собиқу амалкунанда буданд, хадамоти амниятӣ аз ҳамлаҳо дохилӣ нигарон ҳастанд. Хадамоти амниятӣ нирӯҳои Горди миллиро бо ҳамин сабаб аз санҷиш мегузаронанд.

Туркманистони "орӣ аз COVID" ваксинаи "Sputnik-V"-ро ба қайд гирифт

Истгоҳи автобус дар Ашқобод

Бунёди сармоягузории мустақими Русия гуфтааст, Туркманистон ваксинаи "Sputnik V"-ро, ки ба зидди COVID-19 мебошад, барои истифода дар ин кишвар ба қайд гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам мегӯяд, ки ҳеч мавриди олудагӣ ба COVID-19 дар қаламраваш номнавис нашудааст.

Бунёди сармоягузории мустақими Русия дар изҳороти расмиаш рӯзи 18-уми январ навишт, “Туркманистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки расман ваксинаи "Sputnik-V"-ро барои истифода дар қаламраваш сабт кардааст. Аз ин ваксина дар ҳолатҳои фавқулода ба кор бурдан иҷозат дода шудааст”.

Туркманистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки то ҳол ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар бораи олуда шудани шаҳрвандонаш ба коронавирус хабар надода, оморро дар сифр нигоҳ медорад. Моҳи августи соли гузашта СҶТ дар бораи афзудани ҳодисаҳои гирифтории сокинон ба пневмонияи ғайримуқаррарӣ хабар дод ва созмон борҳо, вале беҳуда аз Ишқобод хостааст, ки иҷоза диҳад дар ин кишвар санҷиши рӯйирости коронавирусро ба роҳ монад.

Инкори ҳодисаҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар ҳолест, ки зиндону мактабҳо ва беморхонаҳо пур аз бемор ҳастанд. Ба шаҳрвандони бисёре гуфта шудааст, ки аз хона набароянд ва агар бемор шуданд, беҳтараш ба марказҳои тиббӣ нараванд, то сабаби олуда шудани кормандони тиб нашаванд.

Дар Туркманистон одамони бисёре ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки фавтидагони пневмонияи ғайриоддиро дар халтаҳои пластикии махсус барои ба хок супоридан медиҳанд.

То кунун ба таври расмӣ иҷозат дода шудааст, ки аз ваксинаи русии "Sputnik-V" дар чанд кишвар, аз ҷумла, Алҷазоир, Аргентина, Белорус, Боливия, Фаластин ва Парагвай истифода баранд.

Навалний дар боздоштгоҳи "Матросская тишина" нигоҳдорӣ мешавад

Боздоштгоҳи "Матросская тишина"

Раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалнийро, ки ба 30 рӯз ҳабс маҳкум шудааст, ба боздоштгоҳи "Матросская тишина" интиқол доданд.

Ӯ рӯзи 17-уми январ ҳангоми бозгашт аз Берлин дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав дастгир шуд. Навалний моҳи августи соли гузашта заҳролуд шуда, дар Берлин муолиҷа мегирифт.

Мақомоти Русия ӯро ба поймол кардани қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русия муттаҳам донистанд. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд. Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд ва ин мавзуъро додгоҳ баъди як моҳи дигар баррасӣ мекунад.

Алексей Навалний, ки мегӯяд, амри заҳролуд кардани ӯро президент Владимир Путин додааст, аз замони боздошт, 2 рӯз пеш, бе дастрасӣ ба ҳуқуқшиносон муҳокима шуд.

Алексей Мелников, котиби Кумисюни ҷамъиятии назорати ҳуқуқи башар дар Телеграм навишт, 18-уми январ Навалнийро дар утоқи боздоштгоҳ дид. Ӯ гуфт, бо сабаби ин ки Навалний бояд баъди бозгашт аз сафар дар карантин бошад, дар утоқи иборат аз се кати хоб танҳо нигоҳ медоранд.

Баъд аз ҳукми ҳабси 30-рӯза Навалний дар паёми видеоӣ аз шаҳрвандони Русия хост, киэътирозҳои хиёбонӣ ташкил кунанд.

Гузоришҳо: Трамп дар рӯзи охири президентиаш мехоҳад даҳҳо нафарро афв кунад

Доналд Трамп рӯзи 19-уми январ охирин рӯзи пурраи корӣ дар мақоми президенти ИМА кор хоҳад кард

Интизор меравад, ки Доналд Трамп дар охирин рӯзи пурраи кориаш дар мақоми президенти ИМА қарори афви даҳҳо нафар, аз ҷумла ҷинояткорони маҳкумшударо содир кунад. Ин дар ҳолест, ки мизони маҳбубияти Трамп дар поинтарин сатҳ - 34 дарсад қарор дорад. Матбуот бо такя ба манбаъҳо дар Кохи Сафед менависад, ки эҳтимолан аз 60 то 100 нафар, аз ҷумла, бархе гурӯҳҳо бахшида шаванд. Дар миёни онҳо матбуот аз исми як репсаро ва як духтури зиндон ёд мекунад, ки барои тақаллуб ҷазо гирифтааст. То ҳол маълум нест, ки оё собиқ муттафиқи наздики Трамп – Стив Беннон ва аъзои тими ӯ, ки барои тақаллуб дар тарҳи сохтмони девори Мексика ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, афв мешаванд ё на. Худи Беннон гуфтааст, ки бегуноҳ аст. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё Трамп талош хоҳад кард, ки исми худ ва фарзандони калониашро дар ин феҳрист ҷойгир кунад ё на. Қарори афв дар ин сурат хусусияти пешгирикунанда хоҳад дошт, чунки то ҳол ба Трамп ваё наздиконаш дар заминаи содир кардани ҷиноят айб пешниҳод нашудааст. Бисёр донишмандон мегӯянд, ки афви шахсан худаш қонунӣ нахоҳад буд ва аз назари ин ки шахс наметавонад дар арзёбии рафторҳои худ беғараз бошад, ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.

Олмон дар фикри тамдиди маҳдудиятҳои марбут ба пандемия аст

13-уми январ Ангела Меркел дар ҷаласаи парлумон оид ба шурӯи маъракаи эмкунӣ зидди коронавирус иштирок кард

Интизор меравад, ки мақомот дар Олмон рӯзи 19-уми январ маҳдудияти марбут ба коронавирусро то охири моҳи январ тамдид кунанд. Ин тасмим зоҳиран бо сабаби бисёр зуд паҳн шудани шакли нави вирус гирифта мешавад ва айни замон, барномаи эмгузаронии аҳолӣ ҳам босуръат идома дорад. Қарор дар бораи тамдиди маҳдудиятҳо дар ҷаласаи садри аъзам Ангела Меркел ва раҳбарони 16 минтақаи федеролии кишвар гирифта шавад. Мақомот гуфтанд, ки дар роҳи муқовимат ба вирус натиҷаҳои муайяни мусбат ба даст меояд ва бархе бемороне, ки дар ҳолати сангин қарор доранд, аз ин ҳолат кам-кам раҳо мешаванд. Мақомот дар Олмон мегӯянд, ки қарори бастани тарабхонаву муассисаҳои варзишиву тафреҳӣ аз моҳи ноябр ба ин сӯ натиҷа медиҳад. Илова ба ин, аз миёнаҳои моҳи декабр ба ин сӯ мактабу фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ҳам баста боқӣ мемонанд.

Дар нуқоти дигари ҷаҳон ҳам барномаи эмкунӣ шурӯъ шудааст. Аз 18-уми январ дар Бразилияву Озарбойҷон ҳам маъракаи сартосарии эмкунӣ зидди коронавирус ба роҳ монда шуд.

Олмон дар фикри тамдиди маҳдудиятҳои марбут ба пандемия аст

13-уми январ Ангела Меркел дар ҷаласаи парлумон оид ба шурӯи маъракаи эмкунӣ зидди коронавирус иштирок кард

Интизор меравад, ки мақомот дар Олмон рӯзи 19-уми январ маҳдудияти марбут ба коронавирусро то охири моҳи январ тамдид кунанд. Ин тасмим зоҳиран бо сабаби бисёр зуд паҳн шудани шакли нави вирус гирифта мешавад ва айни замон, барномаи эмгузаронии аҳолӣ ҳам босуръат идома дорад. Қарор дар бораи тамдиди маҳдудиятҳо дар ҷаласаи садри аъзам Ангела Меркел ва раҳбарони 16 минтақаи федеролии кишвар гирифта шавад. Мақомот гуфтанд, ки дар роҳи муқовимат ба вирус натиҷаҳои муайяни мусбат ба даст меояд ва бархе бемороне, ки дар ҳолати сангин қарор доранд, аз ин ҳолат кам-кам раҳо мешаванд. Мақомот дар Олмон мегӯянд, ки қарори бастани тарабхонаву муассисаҳои варзишиву тафреҳӣ аз моҳи ноябр ба ин сӯ натиҷа медиҳад. Илова ба ин, аз миёнаҳои моҳи декабр ба ин сӯ мактабу фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ ҳам баста боқӣ мемонанд.

Дар нуқоти дигари ҷаҳон ҳам барномаи эмкунӣ шурӯъ шудааст. Аз 18-уми январ дар Бразилияву Озарбойҷон ҳам маъракаи сартосарии эмкунӣ зидди коронавирус ба роҳ монда шуд.

Наҷоти кӯдакон аз зарурати кӯмак ба атфоли Афғонистон хабар дод

18- уми январ, Кобул. Оилаи ин кӯдак аз хонаводаҳои муҳоҷирони дохилӣ аст, ки ба сарпаноҳ ниёз дорад

Як созмони ҳомии ҳуқуқи кӯдакон мегӯяд, мумкин аст, имсол бештар аз 10 миллион кӯдаки афғон нимгурусна монанд ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, барои пешгирӣ аз ин хатар миллиардҳо доллар кумаки молӣ расонад. Созмони Наҷоти Кӯдакон (СНК) рӯзи 19-уми январ бо нашри як муроҷиатномае гуфт, дар Афғонистон 18 миллион кӯдак ва аз ҷумла 9.7 миллион нафари онҳо ба маҳсулоти ниёзи аввал, мисли хӯрок эҳтиёҷ доранд. Созмон гуфтааст, ки барои кӯмак ба онҳо ба 3 миллиард доллар дар соли 2021 ниёз дорад. Крис Нийамандӣ, яке аз мудирони созмони СНК, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, гуфт: “Вазъ фавқуллода бад аст ва зарур аст, ки ҷомеаи байналмилал ба он фавран таваҷҷуҳ кунад.” Бо вуҷуди он ки ҳукумати Афғонистон ва Толибон барои хотима додан ба ҷанг музокира мекунанд, дар кишвар хунрезиву ҷанг зиёдтар шудааст ва пандемия ба вазъи зиндагии миллионҳо хонавода таъсири фалокатбор гузоштааст. Ба сабаби коҳиши воридот, аз ҷумла маводи ниёзи аввалия зиндагии мардум бадтар шудааст. Беқонунӣ ва фасоди густурда дар кишвар як балои дигаре барои иқтисоди ин кишвари ҷангзада ва ҳамсоя бо Тоҷикистон шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG