Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири адлияи Узбекистон бо аъзои ҳизби мухолифи "Эрк" мулоқот кард


Русланбек Давлатов, вазири адлияи Узбекистон.
Русланбек Давлатов, вазири адлияи Узбекистон.

Русланбек Давлатов, вазири адлияи Узбекистон рӯзи 10 январ намояндагони ҳизби мухолифи демократии "Эрк" ("Ирода")-ро бо роҳбарии Отаназар Орифов ба ҳузур пазируфт. Дар бораи ин мулоқот Аъзам Тургунов, яке аз аъзои "Эрк" хабар дод.

"Давлатов бо мо мулоқот ва фикру ақидаҳои моро шунид. Аммо дар давоми мулоқот вай гуфт, ки "ин ҳизб дар гузашта мондааст, онро фаромӯш кунед". Оинномаи ҳизб 3 сентябри соли 1991 дар вазорати адлия сабти ном шуда буд. То ҳол санаде ё ҳуҷҷати дигаре мавҷуд нест, ки аз баста шудани ҳизби мо шаҳодат диҳад. Дар робита ба ин мо аз вазир тақозо кардем, ки ба мо иҷозаи фаъолиятро бидиҳад. Вазир гуфт, ҳуҷҷате, ки дар соли 1991 қабул шудааст, қувваи қонуниашро аз даст додааст. Аммо сарфи назар аз ҳамаи ин - миёни мухолифону ҳукуматдорон муколама шуруъ шуд",-гуфт Аъзам Тургунов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 27 декабри соли 2019 дар бораи мухолифони сиёсӣ изҳори назар карда буд.

"Дар Шабакаҳо мухолифон баҳсу баррасӣ мекунанд. Онҳо чи фоидае оварданд? Ман ҳамчун президент зид нестам, аммо бояд муҳите фароҳам шавад, ки онҳо (мухолифон) дар дохили кишвар шакл гиранд, мушкили мардумро дарк кунанд, нону оби ҳамин ҷоро истифода кунанд", - гуфт Мирзиёев ва илова кард, ки "ба вуруди мухолифон аз хориҷ ба кишвар иҷозат намедиҳад".

Бо гузашти 13 рӯз аз ин ҳарфҳои президент вазири адлияи он кишвар бо мухолифони хориҷӣ мулоқот кард. Чанде пеш аз ин вазорати адлия ҳамчунин бо намояндагони ҳизби "Бирлик" мулоқот карда буд.

Ҳизбҳои "Эрк" ва "Бирлик" дар охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта ташкил шуда буданд.

Ба иттилои расмӣ, раиси ҳизби "Эрк" Муҳаммад Солеҳ дар интихоботи президентии соли 1992 12,7 дарсад раъй ба даст оварда буд.

Аммо баъди он интихобот тазоҳуроти ҷонибдорони Солеҳ пароканда ва нашрияҳои ҳизб баставу зидди роҳбарияти он парванда боз шуд. Дар натиҷа мухолифон яке пас аз дигарӣ Узбекистонро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG