Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сулҳи тарафҳои даргир дар Либия


Дар акс: Фоиз ал-Сарроҷ ва Халифа Ҳафтар
Дар акс: Фоиз ал-Сарроҷ ва Халифа Ҳафтар

Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, раҳбарони рақибони ҷангандаи Либия рӯзи 13-уми январ дар шаҳри Маскав гуфтугӯҳои сулҳро баргузор хоҳанд кард.

Дар ин гуфтугӯҳо Фоиз ас-Сарроҷ, ки ҳукумати миллии аз тарафи Созмони Миллал шинохташудро дар Триполи (Троблус) раҳбарӣ мекунад ва Халифа Ҳафтар, фармондеҳи Артиши Миллии Либия иштирок хоҳанд кард.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: “Имрӯз барвақттар вазирони корҳои хориҷӣ ва дифои Русия ва Туркия “ҷаласаро бахшида ба ҳалли низоъи Либия” оғоз карданд.”

Захарова афзуд: "Намояндагони ҷонибҳои Либия омадаанд ва ба зудӣ ба гуфтугӯҳо ҳамроҳ хоҳанд шуд."

Сардори Шӯрои олии давлатии Либия Холид ал-Мешрӣ дар як шабакаи хабарии маҳаллӣ гуфт, Сироҷ ва Ҳафтар нақша доштанд, ки созишномаи оташбасро имзо кунанд. Роҳбари гурӯҳи ҳамоҳангсози Русия дар Либия Лев Денгов ба “Интерфакс” гуфт, ки ҷонибҳо "имзои созишнома ва ҷузъиёти ин санадро баррасӣ хоҳанд кард."

Оташбас ба ҷангҳои сахт ва ҳамлаҳои ҳавоӣ хомӯшӣ овард. Тарафҳо ҳамдигарро дар вайрон кардани созишнома айбдор карданд, зеро дар атрофи пойтахт тирпаррониҳо идома ёфтанд.

Бисёре аз нозирон мегӯянд, нигоҳ доштани оташбас бо хусусиятҳои бесуботӣ ва ноустувории гурӯҳҳои низомии Либия душвор хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG