Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Султони нави Уммон гуфт, роҳи Қобусро идома медиҳад


Султон Ҳайсам
Султон Ҳайсам

Султони нави Уммон ваъда дод, ки сиёсатҳои раҳбари пешини кишвар Султон Қобусро идома медиҳад, ки хабари марги ӯро рӯзи 11-уми январ эълон карданд. Султон Ҳайсам бин Тариқ ал Саидро, ки вазири фарҳанги Уммон буд, Султон Қобус, вориси хеш хонда буд. Ӯ ки аз соли 1979 дар Уммон фармонравоӣ мекард, дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Султон Ҳайсами 66-сола гуфт, ки роҳи пешгирифтаи Қобусро, ки кишварҳои ғарбӣ аз ӯ ҳимоят мекарданд, идома медиҳад. Вай гуфт: “Мо роҳи пешгирифтаи султон ва усулҳоеро, ки барои сиёсати хориҷии мо пеш гирифт идома медиҳем. Ин усулҳо ҳамзистии осоиштаи миллатҳо ва мардум, рафтори хуб бо ҳамсояҳо ва мудохила накардан ба умури кишварҳои дигар аст.”

Умон бо Яману Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Эрон ҳаммарз аст. Султон Қобус як замон дар ба роҳ андохтани музокирот байни Эрону Амрико мусоидат кардааст.

XS
SM
MD
LG