Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ду сарбози Амрикоро куштаанд


Қандаҳор яке аз вилояти ноороми Афғонистон аст. Акс аз бойгонист.
Қандаҳор яке аз вилояти ноороми Афғонистон аст. Акс аз бойгонист.

Нерӯҳои НАТО гуфтанд, ки дар натиҷаи таркиши мошини сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон ду нафари онҳо кушта шудаанд ва ду тани дигар захм бардоштаанд. Толибон масъулияти бомбгузорӣ дар рӯзи 11-уми январро бар дӯш гирифта, гуфтанд, ки ҳамла дар вилояти Қандаҳор сурат гирифт. Дар инҷо сарбозони Амрико ва Руминия ҷойгир шудаанд.

Паймони НАТО бо нашри баёнияе гуфт, ки сарбозони амрикоӣ, ки ба сарбозони афғон кӯмак мекунанд, ҳангоми амалиёт ба бомб бархӯрдаанд. Бори аввал аст, ки дар соли 2020 сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон талаф меёбанд. Соли 2019 дар ин кишвари ҷангзада 20 низомии Иёлоти Муттаҳида ба ҳалокат расиданд. Дар Афғонистон ҳоло 12 ҳазор сарбози амрикоӣ ҷойгиранд. Онҳо барои тамрин ва тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон кумак мекунанд.

XS
SM
MD
LG