Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали эронӣ гуфт, ки тамоми масъулияти сарнагунии ҳавопайморо мепазирад


Амир Алӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи 11-уми январ дар нишасти вижаи матбуотӣ гуфт, иштибоҳе, ки боиси суқути ҳавопаймои Боинги украинӣ шуд, бар души онҳост.

Ӯ гуфт, нафаре, ки системаи зиддимушакиро идора мекард, ҳамагӣ даҳ сония вақт дошт, ки тасмим бигирад.

Ба гуфтаи ӯ, системаи зиддимушакӣ чанд соат пеш аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ироқ дар ин минтақа ҷойгир шуд ва ҳадафаш пешгирӣ аз ҳамлаи ҷавобии мушакӣ буд.

Ин мақомдор гуфт, нафаре, ки системаи зиддимушакиро идора мекард, ҳавопайморо ба мушак иштибоҳ кард.

“Вақте итминон пайдо кардам, ки ин иттифоқ афтодааст, орзуи марг кардам барои худам, ки эй кош мемурдам ва чунин ҳодисаро шоҳид набудам”,--гуфт ӯ.

Амир Алӣ Ҳоҷизода гуфт, ки масъулияти ин иштибоҳ бар души онҳост ва пас аз тафтиш ҳар тасмиме гирифта шавад, онро мепазиранд.

Пас аз чандин рӯзи раддияҳо рӯзи 11-уми январ Эрон иқрор кард, ки "нохоста" ҳавопаймои украиниро сарнагун намудааст. Фоҷиа дар асари "иштибоҳи инсонӣ" рӯзи 8 январ ҷони 176 нафарро рабуд.

Дар изҳороте, ки телевизиони давлатии Эрон рӯзи 11 январ пахш намуд, гуфта мешавад, ҳавопаймо дар ҳоле суқут дода шуд, ки бо тоб хӯрданаш ба самти "маркази ҳассоси ҳарбӣ", мансуб ба Сипоҳи Посдорони Инқилоб "ҳадафи душман" пиндошта шуд ва мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ҳавопаймои Boeing 737 рӯзи 8-уми январ чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи Теҳрон ба замин сарозер шуд.

Ин ҳавопаймо бо 176 сарнишинаш ба самти Киев парвоз мекард. Ҳамаи мусофирон, аз ҷумла ҳайати халабонҳо ҷон бохтанд. Онҳо шаҳрвандони Эрон, Шветсия, Афғонистон, Бритониё, Олмон ва Украина буданд.

XS
SM
MD
LG