Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлис тавоноиҳои Трамро барои амалиёти низомӣ ба зидди Эрон маҳдуд намуд


Ненси Пелосӣ
Ненси Пелосӣ

Маҷлиси Намояндагони ИМА рӯзи 9-уми январ қароре қабул кард, ки тавоноиҳои президент Доналд Трамро барои амалиёти низомӣ ба зидди Эрон маҳдуд мекунад, вале уҳдадоркунанда нест ва хосияти тавсияомез дорад.

Қатънома бо 224 овози мусбат дар баробари 194 овози зид дар Маҷлиси Намояндагон, ки бисёрии он дар ихтиёри Ҳизби Демократ аст, қабул шуд. Бештари қонунгузорон аз шарҳи Кохи Сафед дар бораи куштори ҳадафмандонаи генерали эронӣ розӣ набуданд. Се ҷумҳурихоҳ ба ин қатънома овоз доданд, дар ҳоле ки ҳашт демократ зид баромаданд.

Бо пуштибонии намоянда Элисса Слоткин, таҳлилгари пешини CIA ва мансабдори Пентагон, ки дар Ироқ хидмат кардааст, қатъномаи Қудрати Ҷанг ба Трамп дастур медиҳад, ки "истифодаи қувваҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаро барои ҳамла ба Эрон ё ба зидди Эрон бас кунад ва президенти ИМА пеш аз амалиёти низомӣ ба Эрон бояд тасдиқи Конгрессро гирад.”

Чанд соат пеш аз овоздиҳӣ, раиси Маҷлис Ненси Пелосӣ гуфт, бовар надорад, ки давлати Доналд Трамп бо куштани Қосим Сулаймонӣ Иёлоти Муттаҳидаро “амнтар” кардааст.

Як рӯз пеш, Пелоси гуфта буд, "аъзои Конгресс дар бораи қарори давлат дар амалиёти ҷангӣ ба зидди Эрон ва набудани стратегияи пешрафти он сахт нигарон мебошанд". Пелоси гуфт, ин қатънома ниёз ба имзои Трампро надорад ва афзуд “ин баёнияи конгресси ИМА аст” ва аз ин рӯ қудрати “кофӣ”-ро дорад.

Пеш аз овоздиҳӣ, Трамп дар Твиттер навишт, ки умедвор аст, "ҳамаи ҷумҳурихоҳони ба зидди Қатъномаи Қудратҳои Ҳарбии Нэнси Пелоси овоз хоҳанд дод."

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG