Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бадахшон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи гургон ба шикорчиён силоҳ доданд


Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи гургҳо ба сокинон, ба гурӯҳе аз шикорчиён милтиқ ва тир додааст. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки ҳамасола дар фасли зимистон ҳодисаҳои ҳамлаи гургон ба аҳолӣ ва чорвои онҳо сабт мешавад. Мақомоти вилоят гуфтанд, то имрӯз 28 сар гург безарар гардонида шуд. Мутахассисон мегӯянд, гург як ҷонвари нерӯманд аст ва маъмулан шикори онҳо ба таври гуруҳӣ сурат мегирад.

Ҳукумати вилояти Бадахшон бо нашри як хабари расмӣ гуфт, дар баробари милтиқ ва тир, ҳамчунин як миқдори қапқон низ ба шикорчиёни алоҳида, ки дар қапидан ё паррондани гургҳо натиҷаи хуб ба даст оварданд дастрас карда шуд. Мақомот дар ин вилоят гуфтанд, дар деҳаҳое ки шикорчӣ надоранд, аз ҳисоби воҳидҳои махсуси раёсатҳои ВКД ва КДАМ дар вилоят навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст.

Мақомот охири моҳи декабри соли гузашта гуфта буданд дар Бадахшон барои шикори гургҳо як гурӯҳи вижа таъсис додаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин гурӯҳ аз нерӯҳои зиддитеррористии "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иборат аст.

Ба иттилои мақомот, хатари ҳамлаи гургон дар чанд ҷамоати ноҳияи Шуғнон, Роштқалъа ва ноҳияи Рӯшон вуҷуд дорад. "Гурӯҳи мазкур бо лавозимоти муосири шикорӣ таъмин буда, вазифаи асосии онҳо нобуд сохтани гургон дар деҳаҳои вилоят аст",-гуфтанд дар ҳукумати вилоят.

Соли гузашта дар фасли зимистон бар асари ҳамлаи гургҳо дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон ду нафар ҷони худро аз даст дода буданд. Сокинон гуфтанд, гургон ҳамчунин ҳайвонҳои хонагии онҳоро мекушанд.

Дар гузашта низ дар вилояти Бадахшон дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ аҳолӣ ҷони худро аз даст дода буданд. Аз ҷумла, дар моҳи феврали соли 2013 сокини 81-солаи деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшон Наботбегим Худодова аз ҳамлаи гургон захм бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда буд.

Моҳи январи ҳамон сол як хонуми солхӯрдаи сокини деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон Озода Саиднуруллоева ҳам мавриди ҳамлаи гургҳо қарор гирифт. Селаи гургон ба сокини 90-солаи ин деҳа ҳамла карда, ӯро шадидан маҷрӯҳ карданд. Ӯ муддати зиёд дар бемористон захми дандони ин ҷонвари ваҳширо муолиҷа кард.

XS
SM
MD
LG