Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қарақалпоқистон ҷасади як модар бо кӯдакаш ёфт шуд


Дар манзиле дар маҳаллаи Қипчоқи ноҳияи Амударёи Қарақалпоқистон 8 январ ҷасади як зану духтарчаи ноболиғро пайдо карданд. Ҷасади соҳиби манзил дар анбор овезон пайдо шудааст.

Дар ин бора Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ медиҳад.

"Ҷасади мард С.Д., соли таваллудаш 1993, ки худкушӣ кардааст, дар анбор овезон пайдо карда шуд",-афзудааст манбаъ.

Пештар ҷасади зан Ф.Ш ва кӯдак А.С., соли таваллудаш 2017 бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ҳуҷраи хоб пайдо гаштааст.

Додситонии кулли Узбекистон аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карда, ҳатто нагуфтааст, ки зан ҳамсари мард аст, ё не.

Додситонии Амударё дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Куштори барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG