Мурофиаи додгоҳии президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки барои раҳоии ғайриқонунии як раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ дар соли 2013 муттаҳам аст, ғоибона барпо мешавад. Отамбоев дар боздошт аст ва ин навбат ҳам иштирок дар мурофиаро рад кард.
Сергей Слесарев, вакили мудофеи президенти собиқи Қирғизистон гуфт, Отамбоев рӯзи 9-уми январ мурофиаи додгоҳиро, ки дар утоқи Кумитаи амнияти миллӣ барпо шуд, тарк кард. Баъди ин, ба гуфтаи ӯ, додрас қарор кардааст, ки мурофиаро дар ғайби ӯ барпо кунад.
Қарори баргузории додгоҳ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки Алмосбек Отамбоев дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, рӯзи 19-уми декабр қабул шуд. Ин замоне буд, ки Отамбоев нахост дар мурофиаи додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳозир шавад.
Вакилони дифои Отамбоев аз қарори дар берун аз толори додгоҳ барпо шудани мурофиа эътироз карданд.
Иттиҳоми Отамбоев ба озодшавии раҳбари созмони ҷиноӣ Азиз Ботукаев рабт мегирад, ки дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла куштори як вакили қирғиз ва як мақоми Вазорати умури дохилӣ гунаҳгор мешавад. Ба Отамбоев то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон рӯзи 8-уми августи соли 2019 баъди он боздошт шуд, ки давоми ду рӯз дар хонаи худ дар берун аз Бишкек ҳамроҳи тарафдоронаш ба нирӯҳои амниятӣ, ки барои боздошти ӯ рафта буданд, вориди ихтилоф шуд. Отамбоевро дар нақзи 13 моддаи Кодекси ҷиноӣ гумонбар мекунанд, ки дар миёни ин иттиҳомот ташкили куштор, ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ, гаравгонгирии афроди низомӣ дар хонааш дар моҳи август мебошанд.