Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Дар ҳамлаи мушакии Эрон "ягон амрикоӣ осеб надид"


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, 8-уми январ дар суханроние гуфт, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Ироқ "ягон амрикоӣ ва ироқӣ осеб надидаанд".

"Ҳеч нирӯе аз даст надодем ва хисоротҳо ҷузъӣ будааст. Нирӯҳои бузурги амрикоӣ ба ҳар кор омода ҳастанд. Ба назар мерасад, Эрон қасд дорад иқдомоташро коҳиш диҳад," -- иттилоъ дод ӯ.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар ҷавоб ба қатли фармондеҳи нирӯҳои қудс Қосим Сулаймонӣ субҳи 8-уми январ ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Ироқ ҳамлаи мушакӣ кард. Сулаймонӣ ҳафтаи гузашта бар асари ҳамлаҳои низомиёни амрикоӣ дар Бағдод кушта шуд.

Раиси ҷумҳури Амрико дар суханронияш дар Кохи Сафед аз қатли Қосим Сулаймонӣ дифоъ кард ва ӯро масъули кушта шудани сарбозони амрикоӣ ва бесуботӣ дар минтақа донист.

Трамп гуфт, Вашингтон ба зидди Эрон таҳримҳои бештари иқтисодӣ ҷорӣ хоҳад кард ва то замоне ки ин кишвар "рафтори худро тағйир надиҳад" таҳримҳо боқӣ хоҳанд монд.

"Дунёи мутамаддин ба режими Эрон бояд паёми рӯшан бидиҳад, ки дигар маъракаи террор, қатл ва ҷиноятҳои онҳоро таҳаммул нахоҳад кард," – афзуд ӯ.

Айни замон президенти Амрико таъкид кард, ки оғӯши Иёлоти Муттаҳида ба рӯйи сулҳ кушода аст.

Тафсилоти ҳодиса дар инҷост:

Ҳамлаи мушакии Эрон ба ду пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ. ВИДЕО, САДО

Ҳамлаҳои Эрон нигарониҳоро аз ҷанг бо Амрико барангехт. ВИДЕО, САДО

XS
SM
MD
LG