Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти инфиродӣ бо талаби лағви дахлнопазирии хонаводаи Назарбоев


Фаъоли мадании қазоқ Бекболат Утебоев 7-уми январ бо талаби "адолати иҷтимоӣ" дар майдони марказии шаҳри Уралск даст ба тазоҳуроти инфиродӣ зад. Ин мард хост, дахлнопазирии хонаводаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бекор шавад.

"Ман ғазаболуд ба кӯча баромадам. Назарбоев барномаи 2020-еро, ки эълом карда буд, иҷро накард. Бинобар ин, ман талаб дорам, ки дахлнопазирии хонаводаи ӯ бекор ва зиддашон барои барангехтани бадбинии иҷтимоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Вақте Назарбоев сари қудрат омад дар кишвар совхозу колхозҳо кор мекарданд ва омӯзишу хидматрасониҳои тиббӣ ройгон буданд. Вале ӯ ин ҳамаро аз байн бурд", - изҳор дошт Бекболат Утебоев.

Ба маҳзи даст ба тазоҳурот задани фаъоли маданӣ масъули шуъбаи сиёсати дохилии шаҳрдории Уралск ба назди ӯ баромада, қоидаҳои ташкили тазоҳуроти гирдиҳамоиҳоро барояш шарҳ дод.

"Аз онҳое, ки мехоҳанд ба даъвати лағви дахлнопазирии хонаводаи Назарбоев пайванданд, хоҳиш мекунам, танҳо дар мошинҳои худ лентаи сафедеро бибанданд",-афзуд Утебоев. Ӯ ҳамчунин як лентаи сафедро дар симчӯбе баст.

Бекболат Утебоев як моҳ пеш низ бо талаби "адолати иҷтимоӣ" тазоҳуроти инфиродӣ баргузор карда буд.

XS
SM
MD
LG