Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Сомалӣ чор нафар кушта шуд


Таркиши даҳшатноки 28 декабри соли 2019 дар Сомалӣ
Таркиши даҳшатноки 28 декабри соли 2019 дар Сомалӣ

Дар паи таркиши бомба дар назди посгоҳи парлумони Сомалӣ дар пойтахти ин кишвар Могадишу рӯзи 8 январ дасти кам чор нафар кушта ва 10 тан маҷрӯҳ шуданд. Афсари полис Адан Абдуллоҳӣ гуфт, ки “маводи тарканда дар дохили мошин гузошта шуда буд. Нирӯҳои амниятӣ фикр карданд, ки мошин мехоҳад аз гузаргоҳ убур кунад, вале азбаски ин корро карда танавонист, ҳамлагари маргталаб худро инфиҷор кард”. Ӯ гуфт, бар асоси гузоришҳои муқаддамотӣ, чор нафар кушта ва беш аз даҳ нафар маҷрӯҳ шудааст. Абдуллоҳӣ гуфт, ки масъулияти ин ҳодисаро гурӯҳи Аш-Шабоби марбут ба гурӯҳи Ал-Қоида ба ӯҳда гирифт. Созмони Аш-Шабоби масъулияти бомбгузории даҳшатноки Могадишу дар таърихи 28 декабарро ҳам ба ӯҳда гирифтааст, ки боиси кушта шудани 81 нафар гардид. Ҳадафи созмони Аш-Шабоб, ки беш аз даҳ сол аст ҳамлаҳо анҷом медиҳад, саркӯб кардани ҳукумати Сомалӣ мебошад. Ин гурӯҳ тавонистааст нуфузи худро дар минтақа, бахусус дар Кения афзоиш диҳад.

XS
SM
MD
LG