Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогнависи узбек мансабдори давлатиро ба додгоҳ кашид


Хуршед Далиев, рӯзноманигор ва блогнависи узбекистонӣ роҳбари маркази матбуотии шаҳри Андиҷони Узбекистон Гулшаной Кучкароваро ба додгоҳ кашид.

Далиев мегӯяд, Кучкарова тавассути Интерент нисбати вай иттилои таҳқиромез паҳн кардааст.

Додгоҳи шаҳрии Андиҷон баҳси Хуршед Далиевро бо Гулшаной Кучкарова 8 январ баррасӣ хоҳад кард.

Кучкарова блогнавис Далиевро "хоин ва ҳангомапардоз" ва узви "Ҳизб ут-Таҳрир" унвон кардааст. Аммо баъдтар ин мансабдор гуфт, ки ин ҳарфҳоро нисбати Далиев дар авҷи хашму ғазаб навиштааст.

Додгоҳи олии Узбекистон хабар дод, нисбати Гулшаной Кучкарова бо моддаи "туҳмат" ва "таҳқир" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG