Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари чапгарои мухолифин президенти Хорватия интихоб шуд


Зоран Миланович пирӯзии худро дар интихобот таҷлил мекунад
Зоран Миланович пирӯзии худро дар интихобот таҷлил мекунад

Дар интихоботи президентии Хорватия раҳбари чапгарои мухолифин ва нахуствазир Зоран Миланович бар рақибаш аз ҳизби муҳофизакор Колинда Грабар-Китарович пирӯз омад. Дар паи ҳисоби тақрибан ҳама баргаҳо, мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки дар интихоботи рӯзи 5 январ номзади ҳизби сотсиал-демократ Миланович бо 53 дарсади овозҳо пирӯзӣ ба даст овардааст. Китарович аз ҳизби ҳоким ва ростгарои “Иттиҳоди демократии Хорватия” буда, 47 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Зоран Миланович шоми 5 январ зимни суханронӣ дар баробари тарафдоронаш гуфт, ки аз ҳуқуқи ҳама шаҳрвандони Хорватия ҳимоят мекунад:

“Вақте сухан аз масоили мавриди дарду нигаронии онҳо аст ваё эҳсосоти онҳо бархе чизҳоро таҳаммул намекунад, ҳеҷ гоҳ ба тафриқаандозӣ дар миёни шаҳрвандони Хорватия роҳ намедиҳам”

Бо ин ки мақоми президентӣ бештар ифтихорӣ аст, мағлубияти Грабар-Китарович барои мавқеи ҳизбаш шикасти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, чун аз соли касби истиқлолияти Хорватия дар соли 1991 то ҳол аксаран кишвар дар дасти Иттиҳоди демократҳо будааст. Интихобот, ки моҳи декабр ва аз даври аввали овоздиҳӣ шурӯъ шуд, 11 номзади иштирок кард. Хорватия як бахше аз Югославияи собиқ буда, 4 миллион ҷамъият дорад.

XS
SM
MD
LG