Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон барраси парвандаи сокинони фирории Шинҷонро оғоз кард


Додгоҳи ноҳияи Зайсани вилояти Қазоқистони Шарқӣ 6-уми январ баррасии парвандаи қазоқтаборон Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулиро бо ҷурми "барқасдона ғайриқонунӣ гузаштан" аз марзи Қазоқистон оғоз кард.

Дар сурати исботи ҷурм қазоқтаборон як сол аз озодӣ маҳрум ва аз Қазоқистон ихроҷ хоҳанд шуд. Вале фаъолони мадании Қазоқистон даъват доранд, қазоқтабороне, ки аз таъқибҳо дар Шинҷони Чин ба ин кишвар фирор кардаанд, бозпас фиристода нашаванд.

Мошини гурӯҳи фаъолон аз шаҳри Семейи Қазоқистонро, ки мехостанд дар мурофиаи додгоҳии қазоқтаборон дар Зайсан иштирок кунанд, дар нимароҳ то ними шаб боздоштанд. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гӯё мошини онҳо дар ҳабс будааст.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1 октябри соли гузашта марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6 октябри соли 2019 муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

XS
SM
MD
LG