Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири адлияи Тоҷикистон номзади ҲХДТ ба вакилии порлумон шуд


Рустам Шоҳмурод, вазири Вазорати адлия
Рустам Шоҳмурод, вазири Вазорати адлия

Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рустам Шоҳмурод, вазири Вазорати адлияи кишварро ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии олии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Рустам Шоҳмурод, ки аз моҳи январи соли 2012 Вазири адлияи Тоҷикистон аст, ба гуфтаи коршиносон, бо эҳтимоли зиёд аз мақомаш канор меравад.

Мусо Асозода, раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Сино рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҷониби ҲХДТ танҳо номзадии Рустам Шоҳмурод пешниҳод шуд ва аксари аъзоёни ҳизб дар овоздиҳии пушида ба тарафдории ӯ райъ доданд.

Маъмулан, мансабдороне, ки аз ҷониби ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон номзад ба вакилии порлумон пешбарӣ мешаванд, аз мақомашон истеъфо медиҳанд.

Мусо Асозода мегӯяд, бар асоси қонун Рустам Шоҳмурод ҳақ дорад, ки барои машғул шудан дар маъракаи таблиғи пешазинтихоботӣ аризаи аз кор рафтанашро нависад.

“Ӯ метавонад ариза нависад, вале боз ҳам метавонад то анҷоми интихобот муваққатан аз кор равад. Агар дар интихобот ғолиб шуд, пурра аз кор меравад, ғолиб нашуд боз ба ҷойи кораш бармегардад”, --гуфт Мусо Асозода.

Рустами Шоҳмурод, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд буда, дақиқан 8 сол пеш 5-уми январ вазири Вазорати адлия таъин шуда буд.

1-уми марти соли 2020 дар Тоҷикистон барои 63 курсии Маҷлиси намояндагони Маҷлисии олии Тоҷикистон шаҳрвандон вакил интихоб мекунанд.

ҲХДТ, ки аъзоёнаш идораи ҳукуматро дар Тоҷикистон дар даст доранд, аз аввалин ҳизбест, ки номзадҳояшро барои ширкат дар интихоботи имсол маълум мекунад.

Мунтақидон мегӯянд, ин ҳизб бо истифода аз фишангҳои давлатӣ номзадҳояшро ба таври сунъӣ пирӯз эълон мекунад. Аксари курсиҳои порлумони Тоҷикистонро феълан аъзоёни ин ҳизб соҳибӣ доранд.

XS
SM
MD
LG