Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон маросими дафни раҳбари мухолифин барпо шуд


 Серикболсин Абдилдин. Соли 2016
Серикболсин Абдилдин. Соли 2016

Рӯзи 3 январ садҳо нафар дар Алмаато, дар маросими дафни Серикболсин Абдилдин, як сиёсатмадори собиқадори мухолифи ҳукумат иштирок карданд. Абдилдин дар остонаи ҷашни соли нав дар синни 82-солагӣ даргузашт. Маросими хайрбод бо сиёсатмадор дар бинои филармонияи Алмаато бо ширкати фаъолони маданӣ, мухолифон ва намояндагони шаҳрдорӣ баргузор шуд. Ҳамсангарони Абдилдин ӯро яке аз шахсони муҳим дар ҷараёнҳои касби истиқлолияти Қазоқистон меноманд. Ӯ то охири умраш мавқеашро тағйир надод ва мунаққиди шадидлаҳни сиёсати Нурсултон Назарбоев буд ва ӯро дар “ғасби қудрат” гунаҳгор мекард.

XS
SM
MD
LG