Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Юнон, Қибрис ва Исроил тарҳи EastMed-ро имзо карданд


Юнон, Қибрис ва Исроил созишномае имзо карданд, ки бар асоси он лӯлаи гази зериобии 1900-километрӣ аз қаламравҳои шарқии Ховари Миёна ба Аврупо бунёд мешавад ва вобастагии ин қаламравро аз гази Русия коҳиш хоҳад дод. Нахуствазирони Юнону Исроил Кириакос Митсотакис ва Бенямин Нетаняҳу, инчунин президенти Қибрис Никос Анастасиадис рӯзи 2 январ дар як маросим дар шаҳри Атени Юнон барои имзои созишномаи маъруф бо номи EastMed project бо ҳам омаданд. Ин созиш дар ҳоле имзо шуд, ки Русия имсол ба интиқоли газ тавассути ду тарҳи нав ба Аврупо, яке бо номи TurkStream ва Nord Stream-2 омода мешавад. Қарор аст лӯлаи нави TurkStream дар мулоқоти 8 январи президентони Русия ва Туркия Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба кор андохта шавад.

Се кишвари ташаббускори тарҳи нави сохтмони лӯлаи гази зериобӣ дар фикри ҷалби сармоягузорони хориҷӣ буда, ният доранд, ки то соли 2022 дар заминаи сармоягузорӣ ба қарори ниҳоӣ даст меёбанд.

XS
SM
MD
LG