Баъди чанд рӯзи аз додгоҳи Ҷопон фирор кардани собиқ раиси ширкати Nissan Карлос Гон, полиси байналмилалӣ ё Интерпол ба Лубнон дархости ҳабси ӯро фиристодааст.
Вазири адлияи Лубнон Алберт Серҳан рӯзи 2-юми январ гуфт, Додситонии кул ҳушдори “сурх”-и Интерполро барои боздошти Карлос Гони 65-сола дастрас намуд.
Гон моҳи апрели соли 2019 барои озодиаш дар муддати пеш аз мурофиаи додгоҳӣ 8,9 миллион доллар гаравпулӣ супурда буд. Ӯро додгоҳи Токио ба тақаллуби молӣ муттаҳам мекунад.
Вале ин соҳибкор, ки дорои шаҳрвандии Фаронса, Лубнон ва Бразилия аст, бо нашри изҳороте рӯзе 31-уми декабри соли 2019 гуфт, аз Ҷопон ба Лубнон фирор кард, то "аз таъқиби ноодилонаи сиёсӣ" раҳо шавад.
Лубнон бо Ҷопон созишномаи истирдодро имзо накардааст.
Тибқи гузоришҳо, ҳавопаймои хусусӣ пеш аз он ки ба Лубнон парвоз кунад, дар Истанбул нишасте анҷом додааст. Полиси Туркия гуфт, дар чаҳорчӯби қазияи парвози ҳавопаймо тавассути хоки ин кишвар ҳафт нафар, аз ҷумла, чаҳор халабонро боздошт кардааст.