Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла дар Ингушистонро ба ӯҳда гирифт


Гурӯҳи ифротии Давлати исломӣ масъулияти куштори як афсари полис дар Ингушистон – ҷумҳурии Қафқози Шимолиро ба ӯҳда гирифт. Шаби 31 декабр дар шаҳри Магас ду марди ҷавон бо мошини худ як афсари пулисро пахш карда баъдан ба дигар кормандони полис бо корд ҳамла карданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар ин ҳодиса як афсари полис кушта ва се нафар маҷрӯҳ шуданд. Яка аз ҳамлагарон Микаил Мизияеви 18-сола кушта ва дигаре Аҳмад Имагожеви 23-сола дар ҷои ҳодиса маҷрӯҳ шуда ҳоло дар бемористон нигаҳдорӣ мешавад.

Рӯзи 1 январ гурӯҳи Давлати Исломӣ бо нашри изҳороте масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт. Дар ин бора Гурӯҳи иктишофии SITE хабар дод, ки фаъолияти ин гурӯҳи ҷиҳодиро тавассути интернет пайгирӣ мекунад.

Раҳбари Ингушистон Маҳмудалӣ Калиматов полисро барои он интиқод кард, ки барои таъмини амният дар остонаи Соли нав тадбирҳои заруриро наандешиданд.

Баъди ду даври ҷанг дар ҷумҳурии ҳамсояи Чеченистон ва афзоиши фишори мақомоти Русия зери шиори мубориза бо ифротгароиву ҷудоиталабон, дар минтақаи Қафқози Шимолӣ вазъи амниятӣ ноустувор боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG