Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се узви аршади Толибонро дар Ҳирот куштаанд


Дафтари матуботи ҳукумати вилояти Ҳироти Афғонистон аз кушта шудани се узви баландмақоми гурӯҳи Толибон хабар дод.

Дар хабарномае рӯзи 31-уми декабр ҳукумати ин вилоят гуфтааст, ки Мулло Набиҷон, раиси комиссияи низомии Толибон, Оқо Валӣ, масъули зиндонҳои ин гурӯҳ дар Ҳирот ва Сайид Шоҳ, як фармондеҳи ин гурӯҳ дар Ҳирот, дар ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шуданд.

Мақомот гуфтаанд, ки кушта шудани ин се нафар ба вазъи амниятӣ дар ноҳияҳои шарқии вилояти Ҳирот таъсиргузор хоҳад буд.

Гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд

XS
SM
MD
LG