Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Герт Вилдерс: озмуни карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар бекор шуд


Сиёсатмадори ростгарои Ҳолланд Герт Вилдерс чанд соат баъди эълони озмуни карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар гуфт, ки ин озмунро бекор мекунад. Дар як изҳороташ тавассути шабакаи Твиттер рӯзи 29 декабр Вилдерс гуфт, ки таваҷҷӯҳи байналмилалӣ ба озмун ӯро водор кард, ки дар заминаи аҳамияти озодии баён изҳори назар кунад. “Рисолати мо анҷом шуд. Озмун ба охир расид”, навишт сиёсатмадор дар саҳифааш ва як карикатураи марди хашини ришдорро ҳам нашр кард. Августи порсол баъди он ки полис мардеро бо иттиҳоми таҳдид ба ҷони Вилдерс боздошт карда буд, сиёсатмадор айни чунин як озмунро бекор карда. Нақшаҳои барпо кардани озмуни карикатураҳо ба Муҳаммад Пайғамбар дар Покистон боиси эътирозҳои шадид шуд. Мусалмонони зиёд ба ин назар ҳастанд, ки карикатураи пайғамбари дини Ислом беэҳтиромӣ ва куфр аст. Соли 2005 нашрияи даниягии Jyllands-Posten карикатураҳои пайғамбар Муҳаммадро нашр кард ва ин ҳодиса боиси эътирозҳои сартосарӣ дар ҷаҳони ислом шуд. Вилдерси 56-сола, ки бо изҳороти интиқодиаш дар ҳақи муҳоҷирону дини Ислом маъруф аст, аз ҷониби ҳукумати Ҳолланд ҳимоят мешавад.

XS
SM
MD
LG