Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Алмато ҷузъиёти суқути Fokker-100 нашр кард


Фурудгоҳи байналхалқии Алмато хронологияи суқути ҳавопаймои Fokker-100 аз ширкати Bek Air-ро нашр кард.

Ҳавопаймо, ки аз Алмато ба шаҳри Нурсултон парвоз мекард, ки дар наздикии фурудгоҳи Алмато суқут кард. Ҳавопаймо 93 мусофир ва 5 ҳайати парвоз дошт. Дар ин ҳодиса12 кас ҷон бохтанд. Рӯзи 28 декабр 49 каси дигар дар бемористон бистарӣ буданд, ки аз ин шумор вазъи сиҳатии ҳафт танашон вазнин арзёбӣ мешуд.

Фурудгоҳи Алмато бо нашри иттилоияе ҷузъиёти суқутро оммавӣ кард.

05.35 – шуруъи сабти ном;

06.35 – анҷоми сабти ном;

07.03 – анҷоми вуруд ба ҳавопаймо;

07.21 – парвоз;

07.22 – ҳавопаймо аз радарҳо нопадид шуд;

07.24 – роҳбари бахши парвоз бонги хатар зад;

07.27 – тими наҷотдиҳандагон ҷамъоварӣ шуданд;

07.36 – нахустин гуруҳи наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва ба наҷоти мусофирон пардохтанд;

07.38 – ҳамаи ҳайати наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва ба наҷоти мусофирон пардохтанд;

08.10 – ҳамаи мусофироне ки озодона ҳаракат карда метавонистанд, ба фурудгоҳ оварда шуданд;

Рӯзи 29 декабр дар Алмато ва Нурсултон бо сокиноне видоъ гуфтанд, ки дар суқути ҳавопаймо кушта шуданд.

Субҳи 27-уми декабр як ҳавопаймои ширкати ҳавоии "Bek Air" бо 93 мусофир ва 5 ҳайати парвоз, дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Алмато суқут кард.

Ҳавопаймо дар масофаи як километр дуртар аз хатти парвоз дар наздики шаҳраки Гулдала суқут кард. Дар натиҷаи садама як бинои истиқоматии дуошёна тахриб шуд.

Ҳавопаймоҳои ширкати Bek Air умдатан аз ҳавопаймои Fokker-100 иборат аст.

XS
SM
MD
LG