Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев гуфт, дар кишвараш ба мухолифони "хориҷӣ" роҳ нест


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, ба мухолифоне роҳ нахоҳад дод, ки дар хориҷ ташкил ва ба ин кишвар ворид мешаванд. Ин нуктаро Мирзиёев 27-уми декабр ҳангоми мулоқот бо ҷавонон дар мактаби ба номи Муҳаммад Ал-Хоразмӣ баён дошт.

"Дар шабакаҳо мухолифон баррасӣ мешаванд. Онҳо чи нафъе овардаанд? Ман ҳамчун президент зидди мухолифон нестам. Вале муҳитро тавре бояд сохт, ки онҳо дар дохил ба вуҷуд оянд. Чун мушкилоти мардумро хуб медонанд ва инҷо обу нон хурдаанд",-изҳор дошт ӯ.

Ин нахустин суханронии Шавкат Мирзиёев дар бораи нерӯҳои мухолифи сиёсӣ пас аз омаданаш ба сари қудрат буд.

Ҳафтаи гузашта нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтанд, бо вуҷуди он ки интихоботи порлумонӣ дар Узбекистон нисбатан озод баргузор шуд, вале мухолифон ба он роҳ наёфтанд.

Пештар муовини аввали раиси Сенати Узбекистон Содиқ Сафиев гуфт, аз ташкили сунъии аҳзоби сиёсии мухолиф нафъе нест. Ба гуфтаи ӯ, муҳим ин аст, ки ингуна ҳизбҳо бояд воқеӣ бошанд.

XS
SM
MD
LG