Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин созишнома дар бораи муҳоҷирони тоҷикро имзо кард


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми декабр қонуни федеролиро дар бораи "созишнома барои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷик" ба кишвараш имзо кард. Ин созишнома моҳи апрели имсол байни Душанбеву Маскав ҳосил шуда, дар оғози моҳи декабр аз тарафи президенти Тоҷикистон тасдиқ ва баъдан аз сӯи Шӯрои Федератсияи Русия тасвиб гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон бовар дорад, ки иҷрои созишнома шароити будубош ва кори муҳоҷиронро дар Русия беҳтар мегардонад.

Ҳоли ҳозир муҳоҷирони тоҷик аз бархӯрди номуносиби мақомоти Русия, мушкили сабтином ва гаронии андозу нархи иҷозатномаи кор ва набудани нафақа шикоят доранд.

Бар асоси созишномаи нав корфармоён дар Русия вазифадор мешаванд, ки муҳоҷиронро сабтином кунанд, масъалаи бимаи тиббӣ ва ҷойи хобу хӯроки онҳоро ҳал намоянд.

Мақомоти Тоҷикистон дар навбати худ вазифадор ҳастанд, талабгорони корро тибқи дархости корфармоён ба Русия фиристанд ва пеш аз сафар маълум кунанд, ки онҳо таҳти пайгарди байналмилалӣ ҳастанд ё не.

Коршиносон ба натиҷаҳои иҷрои созишнома дидгоҳи яксон надоранд. Агар иддае онро ба нафъи муҳоҷирон ва бахусус қонунӣ гардидани сафари шаҳрвандон муҳим шуморанд, бархеи дигар аз мушкилоти эҳтимолӣ сухан мегӯянд.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, рӯзи 29-уми декабр гуфт, аз он нигарон аст, ки дар Тоҷикистон бо истифода аз созишнома метавонанд муҳоҷиратро ба "монополия" (инҳисор)-и як сохтор ва ё ширкату афроди алоҳида табдил диҳанд.

Ӯ илова кард: "Метавонанд ин корро ба воситаи Вазорати меҳнат кунанд, ё корхонаҳои воҳид ташкил диҳанд. Ва ҳамаи муҳоҷиронро маҷбур кунанд, ки танҳо ба воситаи ин корхонаҳо ба Русия бираванд ё иҷозатномаи корро бо пули нақд аз онҳо бихаранд. Русия дар навбати худ метавонад муҳоҷиронро танҳо бар асоси қарордоди пешакӣ бо корфармоён ба ин кишвар роҳ диҳад ва ба ин тартиб шиддати омадани муҳоҷиронро камтар кунад. Метавонад, ин ҳолатро ҳамчун фишанг ба зидди Тоҷикистон ҳам истифода кунад."

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҷониби Тоҷикистон шумораи онҳоро беш аз 400 ҳазор нафар ҳисоб кардааст, мақомоти Русия – беш аз як миллион нафар. Ҳафтаи гузашта сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, то охири сол пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба кишвар ба 3 миллиард доллар хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG